WalkCar аз Ҷопон – мини нақлиёти нав, дар ҷузвдон низ ҷой мешавад

Кунаико Сайто, ҷавони 26-солаи ҷопонӣ дар ширкати Cocoa Motors автомобил (худрав)-и электронии хурде - WalkCar ба андозаи як ноутбукро сохтааст.

Ба навиштаи расонаҳо, ин воситаи нақлиёт ё аробаи худгард аз алюминий сохта шуда, бо батареяҳои барқӣ ҳаракат мекунад ва вазни он дуюуним се килограмм мебошад. Корбарони ин воситаи нақлиёт ҳам дар дохили хона ва ҳам дар хориҷ  дар кӯчаву бозорҳо метавонанд аз он истифода кунанд.

Сайто дар суҳбат ба расонаҳо гуфтааст, ки ӯ кори худашро дар системаи назорат дар соҳаи нақлиёти барқӣ оғоз карда, идеяи сохтани ин намуди воситаи нақлиёт зимни фаъолияти корӣ ба миён омадааст.

Ин худрав дар як соат  то 12 километр роҳро тай мекунаду,  метавонад то 120 кг вазнро бардорад. Батареяи он низ то се соат нерӯ медиҳад. Сайто гуфтааст, ки умедвораст ин мошин дар дигар мавридҳо аз ҷумла, интиқол додани курсии маълулон низ истифода шавад.

Рондани ин мошин хеле осон буда, вақте корбар болои он савор мешавад фарван ба ҳаракат медарояд ва ҳар тарафе, ки ронанда вазанашро партояд ҳамон тараф  тоб мехураду баъди пойин шудан ҳам дар ҳол дар ҷояш меистад.

Ихтироъкорони он мегӯянд, ки афзалияти ин мошин аз дигар воситаҳои нақлиёт дар он аст, ки ҳеч зарурате барои рафтан ба таваққуфгоҳҳоро надорад, зеро корбарон метавонанд онро дар ҷузвдони китфӣ бо худ бигиранд.

Аз тирамоҳи соли равон харидорон метавонанд, барои харид дархост ирсол кунанд. Истеҳсоли васеъи он аз баҳори соли 2016 ба роҳ монда мешавад.  WalkCar  800 доллар нархгузорӣ шудааст.

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?