Рӯ ба шоу-биз овардани писарони Алимардонов ва Ҳукумов

Рустам Ҳукумов, писари Амонуллоҳи Ҳукум, собиқ раҳбари КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ба шоу-бизнес рӯ овардааст.

Рустам дар якҷоягӣ бо Лутфиддин Алимардонов, писари муовини сарвазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимардонов дар таҳияи клипи нави Ҷӯрабек Муродов, Ҷонибек Муродов ва Валиҷон Азизов саҳм гузоштаанд.

Беҳрӯз Зеваров, продеюссери Ҷонибек Муродов аз суҳбат бо TojNews дар бораи саҳми ин нафарон худдорӣ кард.

Клипи муштараки Муродовҳо ва Азизов “Ало шодоб соҳилҳо” ном дорад, ки матни суруд аз Лоиқ Шералӣ мебошад. Ва онро оҳангсоз Даврони Раҳматзод ба оҳанг даровардааст.

Муаллифони клип, дар интиҳои он аз саҳмдорон - Рустам Ҳукумов, Лутфиддин Алимардонов, Ҷамшед Зиёев ва Азим Шарипов изҳори сипос кардаанд.

Исми Рустам Ҳукумов барои расонаҳо бегона нест. Ӯ бо қазияи пурсарусадои боздошташ дар Маскав бо ҷурми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир расонаӣ гардида буд. Инчунин, дар моҳи октябри соли равон дар ноҳияи Айнӣ ба ишораи кормандони БДА итоат накарда, аз таппонча тир мекушояд, ки дигарбора номаш дар сархати хабарҳо қарор гирифт.

Лутфиддин Алимардонов аз фарзандони Муродалӣ Алимардонов мебошад, ки дар “Агроинвестбонк” фаъолият мекард. Дар бораи ӯ маълумоти камтар аст. Раҳбарии ҶДММ “Рамзи миллӣ” буд.   

Мегӯянд, ки дар вақтҳои охир Рустам Ҳукумов ва Лутфиддин Алимардонов дар шаҳри Душанбе ба корҳои сохтмонӣ машғул мебошанд. 

Copyright © 2014 TojNews

Назарҳо

Шумо ё ашибка кардед ё хато кани писари хукумову алимардонов бачаи муродовара бачаи хукумов хаёл карденчибало ислох кунедддддддддддд.
ба ҳар ҳол аз тирпаррони ба суи мо ин кор беҳтар аст
"Мегӯянд, ки дар вақтҳои охир Рустам Ҳукумов ва Лутфиддин Алимардонов дар шаҳри Душанбе ба корҳои сохтмонӣ машғул мебошанд". Онхо хамин хел нест шуда мераванд. Инхо мехнат накардаанд, пул кор накардаанд, аз хисоби вазифахои падар бузург шудаанд ва хамин хел боз ногумон нопадид шуда мераванд.
РОХ НАКШИ ПОЙИ ИНХОРО АЗ ЕД МЕБАРАД, ЧУН РЕГИ БОДОВАРДАЕРО БОД ХОХАД БУРД.
Бад не нигох аз махалбози даст накашиди да

Шояд шумо суол ё назаре доред?