Навор: Дар Сирки Душанбе ҳунарпеша зимни иҷрои нақш аз баландӣ сарозер шуд

Хабаргузории LifeNews аз сарозер шудани духтари сиркбоз дар Сирки Душанбе ҳангоми иҷрои бозӣ наворе пахш кардааст.

Дар навор дида мешавад, ки духтар ҳангоми иҷрои барномаи муштарак бо шарикаш аз баландӣ ба поён сарозер мешавад.

Ин хабаргузорӣ мегӯяд баъдан духтар фаврӣ ба бемористон интиқол ёфт ва духтурон осеби ҷиддиро дар ӯ кашф накарданд, ба ҷуз он ки чанд ҷойи баданаш лат хӯрдааст. Ҳоло ин духтари сиркбоз аз бемористон рухсат шудааст ва дар хона табобат мегирад. 

Ҳарчанд замони ин рӯйдод дақиқ нест, вале манбаъ навиштааст, ки он рӯзҳо дар саҳнаи Сирки Душанбе гуруҳҳо аз Украина ва Тоҷикистон барномаи муштарак иҷро мекарданд. Духтари садамадида сокини Тоҷикистон аст ва дар ҳайати асосии Сирки Душанбе фаъолият мекунад. 

Дар Сирки Душанбе гуфтаанд, ки ин духтар ҳунарпеша Мастона Собирова мебошад, ки зимни намоиш афтидааст. Ҳоло вазъаш хуб буда, дар бемористон бистарист.

Copyright © 2016 TojNews

Назарҳо

Шумо сомонахову телерадио каналхои дохила дар кучо будед ки телеканали (лайфневс) аз худди россия 4000км миёяву дар давлати шумо навора сабт мекунаву шумо да таи фуктон шидаги вокера хабар надоре бо айба надониста меге ки лайфневс навореро аз сирки точикистон нишон дод. Дорда каше хутона.

Шояд шумо суол ё назаре доред?