Ҳомид Карзай: “Мушкил дар мо нест, мушкил дар аҳдофи хориҷист”

Ҳомид Карзай, президенти пешини Афғонистон дар як мусоҳибаи ихтисосӣ ИМА-ро дар мудохила ба сиёсати Афғонистон муттаҳам мекунад.

Ҳомид Карзай, ки бо ҷонибдории ғарб, аз ҷумла ИМА ба сари қудрат омада буд, ҳоло аз мунтақидони аслии сиёсатҳои Вашингтон дар Кобул мебошад. Ӯ дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо хабарнигори бахши форсии телевизиони ВВС мегӯяд, ки ИМА ба умури дохилии Афғонистон, аз ҷумла ба интихоботҳои президентии ин кишвар дахолати ошкор мекунад. Дар ин суҳбат Карзай, миёнҷигарии Ҷон Керрӣ, вазири корҳои хориҷии ИМА миёни ду номзади интихоботи президентӣ дар Афғонистонро на миёнҷигарӣ балки “дахолати ошкор” ба умури дохилии кишвараш арзёбӣ кард.

Ҳомид Карзай суол мегузорад, “магар мудохила нест аз як кишвари дигар омада дар як кишвар мудохила кунад ва сандуқҳои райъро дар ихтиёр бигирад ва интихоботи як миллатро тақаллубӣ эълон кунад?” Худи ӯ ба суолаш посух медиҳад, ки дар Афғонистон ба он ҳадд манофеи Амрико зиёд аст ,ки дар дигар кишварҳо чунин нест.

Ӯ ҳамчунин тақаллубӣ будани ду интихоботи президентӣ дар ин кишвар дар солҳои 2014 ва 2009-ро рад карда мегӯяд, хориҷиён ин интихоботҳоро тақаллубӣ ҷилва доданд. Инчунин Ҳомид Карзай заифии ҳукумати зертобеаш дар давраи интихоботро тасдиқ карда мегӯяд, “интихоботи 2014 мисли интихоботи 2009 бадном шуд, зеро ҳукумат заиф буд ва амрикоиҳо инро мехостанд”.

Ҳомид Карзай ба ин бовар аст, ки хориҷиҳо буданд, ки интихоботи президентӣ дар ин кишварро пуртақаллуб меноманд ё бо дахолати онҳо чунин номида мешавад. 

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?