Боздошт ва раҳоии собиқ ноиби сарвазири Узбакистон дар Маскав

Валерий Атаеви 67-сола, собиқ ноиби сарвазири Узбакистон дар қисмати ғарбиву шарқии шаҳри Маскав аз ҷониби неруҳои интизомии Русия боздошт шудааст.

 Валерий Атаев ба дуздии амволи давлатӣ ва сӯистифода аз мансабу вазифа муттаҳам мешавад ва муддатҳост, ки дар ҷустуҷӯ қарор доштааст. 

Ба навиштаи расонаҳои Русия Валерий Атаев аз ҷониби кормандони пулиси шаҳри Маскав бо дархости расмии Тошканд боздошт шудааст. Ҳангоми боздошт маълум гаштааст, ки Атаев хеле барвақт шаҳрванди Русия шудааст, аз ин рӯ пулис аз истирдоди фаврии ӯ ба Узбакистон даст кашид.

 Гумонбарро баъди дастгир шудан ҷавоб доданд ва гуфта мешавад, ки бо дархост барои додани баёнот ба прокуратураи ноҳияи Гагарин ҳозир хоҳад шуд. 

Валерий Атаев худро бегуноҳ медонад ва мегӯяд баъди он ки аз шаҳрвандии Узбакистон даст кашид ва шаҳрванди Русия шуд, зиддаш ин гуна иттиҳомоти бепоя бофтанд. 

Дар гузашта Валерий Атаев вазири энержӣ ва электрокунонии Узбакистон буд, ки ҳоло ширкати саҳҳомии “Узбекэнерго” номида мешавад.

Баъдтар дар вазифаи ноиби сарвазир ва раиси идораи ширкати ҳолдингии миллии “Узбекнефтогаз кор кард.

 Соли 2002 аз вазифа барканор шуда буд.

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?