Зинатулло Исмоилзода: “Суханронии Президент гувоҳӣ аз он медиҳад, ки...”

Сӯҳбати ихтисосии “Нигоҳ” бо Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода

“Оғози ҳар кор мушкилоти худро дорад...”

- Ҷаноби Исмоилзода, Шумо ба раҳбарии  Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар шароити душворе омадед.  Албатта мушкилиҳои корие, ки журналистикаи тоҷик дорад, нав нестанд. Аммо ба болои онҳо, буҳрони молиявӣ низ ба вазъи нохуби ВАО таъсири амиқ мерасонад. Оё пеш аз оғози кор ин мушкилотро тасаввур мекардед ва барои рафъи он барномаи хос дар даст доред?

- Пеш аз ҳама сипос барои таваҷҷуҳатон. Шумо дуруст мегӯед, ки вазъи феълӣ мушкилоти ба худ хос дорад. Ин вазъиятро ҳатто бо як сол пеш муқоиса кардан номумкин аст. Аммо барои раҳоӣ аз ин ҳолат андешаву фикри танҳо як нафар басанда нест. Барои ин як созмони қавии мураттаб бо аъзои мустаҳкам зарур. Зимнан раёсати нав корро пеш аз ҳама аз он шурӯъ кард, ки тартибу низоми фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ дуруст ба роҳ монда шавад. Ҳайати раёсати Иттифоқи журналистон қариб пурра иваз шуд. 19 нафари нав ба узвияти раёсат интихоб гардиданд, ки аз тамоми созмонҳои журналистии фаъоли кишвар ва қариб ҳамаи воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ сарфи назар аз шакли моликияташон намояндагӣ мекунанд. Пеш аз ҳама мо як масъалаи барои ҷомеаи журналистӣ муҳимро бояд ҳал кунем. Яъне журналистон ва воситаҳои ахбори оммаро набояд дигар ба ҳукумативу ғайриҳукуматӣ ҷудо намоем. Дар аввалин ҷаласаи раёсат ҳам ин мавзӯъро мавриди баррасӣ қарор додем.

Бешак, оғози ҳар кор, албатта мушкилиҳои худро дорад, аммо нерӯ ва зарфияте, ки имрӯз дар Иттифоқи журналистон гирд омадаанд, бовар дорем, имконият фароҳам меоранд, ки роҳи ҳалли ин ва дигар мушкилиҳоро пайдо кунем. Яъне мо намехоҳем танҳо як нафар ё як гуруҳ масоили пайдошуда дар журналистикаро баррасӣ ва роҳи ҳал ҷуянд. Мехоҳем дар ин кор ҳамагӣ, ё ҳади ақалл аксарият назароти худро пешниҳод кунанд. Дар назардошт бо ин, ҷаласаи раёсат барномаи мушаххаси фаъолият қабул кардаву нақшаи чорабиниҳо дар соли 2016 мураттаб гардидаанд. Фикр мекунам, амалӣ гардидани ин нақша фосилаи расидан ба ҳадафи асосӣ – муттаҳидӣ ва ягонагии аъзоро наздиктар месозад.  

-  Ин ки эълом доштаед, ки аъзои ИЖТ –ро аз нав сабти ном мекунед, албатта иқдоми бад нест. Чун сару садо дар ин бора зиёд буд, ки ба узвияти ИЖТ онҳое ҳам пазируфта шудаанд, ки аслан арзанда нестанд. Мо ҳам бовар надорем, ки Тоҷикистон 2300 журналисти ҳирфавиву арзанда дорад. Аммо бо вуҷуд, фикр намекунем, ки обрӯи созмонро танҳо аз роҳи “тозакорӣ” имкони боло бурдан бошад. Масалан журналистони фазосозе ҳам дорем, ки узви ИЖТ нестанд.  Пас масъалаи №1 барои Шумо ба ҳайси раҳбари ИЖТ чӣ маҳсуб мешавад?

- Ба роҳ мондани азнавбақайдгирии аъзо фақат як ҷузъи хурди фаъолияти созмони журналистӣ мебошад. Бо ин роҳ мо мехоҳем, аввалан фаъолияти созмонҳои ибтидоиамонро мушаххас гардонем, сониян, теъдоди аъзои воқеии иттифоқро муайян созем ва ниҳоят барои мушаххас сохтани фаъолияти минбаъда нақшаҳоямонро тарҳрезӣ кунем. Бо ин мақсад Низомномаи нави тартиби  узвият ба ИЖТ, муқаррар намудани ҳаҷм ва тартиби пардохти аъзоҳаққии ҳарсола, масъулияти пардохти он аз ҷониби аъзои Иттифоқ ва тартиби хориҷ намудани аъзо аз узвияти Иттифоқ таҳия гардида, дар Раёсат тасдиқ шудааст. Ин имкон медиҳад, ки масоили вобаста ба азнавбақайдгирӣ шаффоф ва ҳарчи тезтар анҷом дода шавад. Иттифоқи журналистон даргоҳи эҷодии ҳамаи журналистон аст, сарфи назар аз он ки узвияти иттифоқро доранд, ё не. Чунки мо ташкилоте ҳастем, ки манфиатҳои ҷомеаи журналистиро ҳимоя месозем. Дари мо барои ҳамаи ҳамкасбон ва соҳибқаламон ҳамеша боз аст. Зеро мутамин ҳастем, ки муттаҳидӣ ва ҳамраъйии комили касбӣ ҳамкасбони моро муваффақ месозад.

Мавзӯъҳои ҳалталаб бисёранд. Аммо мехоҳам сари муҳимтаринҳош ист кунам. Як мавзӯи муҳим вазъи нашрияҳо дар музофот аст. Имрӯз дар ҳамаи манотиқ нашрияҳо мураттаб фаъолият надоранд. Онҳо ба гоҳномаҳо табдил ёфта истодаанд, ки боиси нигаронист. Ҳол он ки нашрияҳои маҳаллӣ мактаби бузурги тарбияи кадрҳо буданд ва бояд бошанд. Мутаассифона аз сабаби фаъолияти муназзам надоштани онҳо дар минтақаҳо ҷавононе, ки журналистикаро интихоб мекунанд, тақрибан минбари нашри маводи шогирдонаи худро надоранд. Ин аст, ки аксари онҳое ки ба факултаи журналистикаи донишгоҳҳо ҳуҷҷат месупоранд, таҷрибаи ҳамкорӣ бо нашрияҳоро надоранд. Ҳол он ки чанд сол пеш шарти асосии қабул ба факултаи журналистика доштани тавсиянома аз идораи нашрияҳо ва пешниҳоди маводи нашргардида буд. Ин анъанаҳоро эҳё намудан боиси нуфузи нашрияҳои маҳаллӣ мегардад. Воқеан, ба тарбияи журналистони ҷавон низ бояд аҳамияти хос дод. Иттифоқи журналистон ҳамкориро бо донишгоҳҳои тайёркунандаи кадрҳои  журналистӣ бояд тақвият бубахшад ва донишҷӯён тавонанд дар базаи воситаҳои ахбор ҳунари журналистиашонро такмил диҳанд. Дар баробари ин, донишгоҳҳо низ барои омода намудани мутахассисони соҳибистеъдод бо нашрияҳо ва иттифоқҳои эҷодӣ, аз ҷумла Иттифоқи журналистон ҳамкории амалӣ дошта бошанд. Масъалаи мутахассисони соҳа воқеан ҳам ҷойи нигаронист. Имрӯз аз сифати таълим дар донишкадаҳои соҳавӣ шиква зиёд аст. Аз масъалаи қабули довталабон ба ихтисоси журналист то таълим дар факултаҳои соҳавӣ тағйироти ҷиддиеро тақозо мекунад. Аз ин хотир, мо бо роҳбарияти Донишгоҳи Миллӣ ва дигар донишкадаҳои тайёркунандаи кадрҳои журналистӣ вохӯриҳо доир намуда, нақшаи чорабиниҳоро дар ин самт мушаххас месозем. Зеро мутахассиси  оянда бояд аз мизи донишҷӯйӣ бо “ошхона”-и  соҳа ошно бошад ва дар он камол ёбад. Мутаассифона, мушоҳида мекунем, ки аксари хатмкардагони бахшҳои журналистӣ боре ҳам идораи рӯзнома ё воситаи дигари ахборро надидаанд, ки ин бешак боиси нигаронист.

Бар замми ин, вусъати фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон дар шароити ҳассоси кунунӣ  албатта аз менеҷменти дурусти идорӣ, фаъолияти босамари риштаҳои эҷодиву техникӣ ва стратегияи дурусту мушаххаси онҳо низ вобаста мебошад. Қазияҳои номбаршуда танҳо мушкилоти ин муассисаҳо нест. Вай ҳамчунон фақат ба воситаҳои ахбор иртибот намегирад. Балки оқибати он ба фазои иттилоотии мамлакат низ таъсир мерасонад. Зеро замони имрӯза замони ҷомеаи иттилоотӣ аст ва «моҳияти ҷомеаи иттилоотӣ марҳалаи нави инкишофи тамаддуни инсонист, ки дар он авлавиятро равандҳои иттилоотӣ фаро мегиранд» ва ҳар касе, ки аз он монд, ба буҳрон мувоҷеҳ мешавад.

“Баъзе аз мансабдорон ҳанӯз ҳам дар симои журналист мухолифи худро мебинанд”

-  Муносибати ҳукумат бо журналистон якнавохт нест. Ҳарчанд масъулини ҳукумат мегӯянд аз интиқод тарс надоранд, гоҳҳо мебинем, ки ба ҳамкасбони мову Шумо фишорҳои гуногун оварда мешавад ва ба баъзеҳо монеаҳои сунъӣ низ мегузоранд. Оё Шумо ба сифати раиси нави ИЖТ, ки аз марҳум Акбари Саттор дар доираҳои ҳукумат ба таъбири “вазири журналистон” номбурда мешуд, бо мақомоти масъули ҳукумат принсипҳои аслии кори журналистӣ ва мушкилоти пешомадаву роҳҳои ҳалли онҳоро баррасӣ кардаед? Онҳо дар асл аз журналистикаву журналистон чӣ мехоҳанд, албатта ба ғайри он чи ки лутфомез дар маъракаву пеши ҷомеа мегӯянд...

- Фикр мекунам, муносибати ҳукумат бо журналистон сол ба сол беҳтар мегардад. Дар анҷумани охири иттифоқ иштирок ва суханронӣ кардани ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ  ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода гувоҳи он аст, ки давлату ҳукумати Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбор ва иттифоқҳои эҷодӣ иқдом дорад. Суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии Академияи васоити ахбори умум ва шабакаҳои телевизионии “Варзиш” ва “Синамо” гувоҳӣ аз он медиҳад, ки давлати Тоҷикистон низ ҷонибдори беҳтар намудани сифати маводи омодашавандаи журналистӣ ва дигаргун кардани тарзи пешниҳоди матолиб мебошад. Дар баробари ин, албатта баъзе аз мансабдорони сатҳҳои гуногун ҳанӯз ҳам  аз танқиди журналистон ҳарос доранд ва дар симои журналист мухолифи худро мебинанд. Вале воқеият нишон медиҳад, ки тадриҷан муносибатҳо сатҳи касбиро мегиранд ва он роҳбароне ки ба танқиди васоити ахбори умумро бо роҳи ислоҳи камбудиҳо ҷавоб медиҳанд, ҳам мушкилоти минтақаро ҳал мекунанд ва ҳам робитаҳои дуҷониба хуб ба роҳ монда мешаванд.            Журналистон рисолати худро анҷом медиҳанд, яъне онҳо ҳақиқати зиндагиро ба ҷомеа мерасонанд ва онҳо ҳамкори ҳукумат ҳастанд, на мухолифи он. Мо албатта дар доираи имконоти як созмони ҷамъиятии таъсиррасон ин ҳамаро ба масъулин мерасонем. Аммо барои ин, тавре зикр кардам, ҳамдилии журналистон шарти бисёр муҳим аст.

- Хуб, маълум аст, ки дар асри 21 пинҳон кардани маълумот ё ахбор номумкин аст. Пас дар ҳукумат инро дарк мекунанд, ки шояд айб на дар журналистон, балки дар сохторҳои худашон ҳаст. Шояд матбуоту расонаҳои хабарӣ дар шароити феълӣ қавитар аз сохторҳои ҳукумат ба назар мерасанд?

 - Дуруст аст, ки журналистон ва васоити ахбори омма имрӯз дар пурра намудани фазои иттилоотии кишвар саҳми муайяне доранд. Бо рушди фановариҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ тағйироти бузургеро дар таҳаввули ҷомеа эҳсос мекунем. Журналистон ва ҷомеаи журналистии кишвар дар инъикоси муҳимтарин масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нақши муҳиме доранд. Фаъолияти озодонаи воситаҳои ахбори оммаи хусусӣ башорати тамоюли давлату ҳукумати Тоҷикистон ба рушди озодии баён мебошад. Дар саҳифаи рӯзномаву маҷаллаҳо, барномаҳои телевизиону радио нуқтаи назари шахсони гуногункасбу гуногунақида ба нашр мерасанд ва ҷомеа бо иттилооти саҳеҳу аниқ ва касбӣ таъмин мегардад. Дар баробари ин, албатта раванди ҷаҳонишавӣ ва зуҳури буҳрони молиявӣ ба ҷомеаи журналистии кишвар низ бетаъсир намемонад. Имрӯз бо рушди воситаҳои иттилоотиву иртиботӣ мардум имкони тамошои садҳо шабакаи телевизионӣ ва радиоӣ, ба тавассути интернет ошноӣ бо назарияҳои мухталифро пайдо кардаанд ва табиист, ки ба фаъолияти васоити ахбор дар муқоиса баҳогузорӣ мекунанд. Барои муштариён муҳимтар аз хама дастрасии иттилооти саҳеҳу комил аст. Барои ҳамин воситаҳои ахбори кишвари мо бобати рушди журналистикаи босифат, пешниҳоди  маводи ҷолиби иттилоотӣ ва дастрас намудани маводи журналистии касбӣ талош доранд. Мутмаинем, ки ин талошҳо дар доираи ҳамкории муфид ба хотири фардо аз тарафи ҷомеа ва сохторҳои гуногуни он пазируфта мешаванд. Ҳамчунин фикр намекунам, ки агар ҳамкорӣ мехоҳем, ҳамдигарро ба “қавӣ ва зӯр” бояд ҷудо намоем...

“Журналистон категорияи махсуси одамонанд”

- Бубинед, дар ҳукумат масъулине, ки хеле таъсиргузоранд, аз ҷумлаи ҳамкасбони мову Шумо ҳам кам нестанд. Пас чаро “бачаҳои худӣ” ба мушкилоти мо расидагӣ намекунанд, шояд онҳо аз асли воқеа бехабаранд, ё шояд дар ҳақиқат журналистон аз ҳад “бачаи ганда” мебошанд? Ин саволро ба маъние фаҳмед, ки раиси ИЖТ ба ҳар сурат купрӯке байни журналистон ва ҳукумат бояд бошад ва аз Акбари Саттори Худораҳматӣ ба ҳамин унвон ёд мекунанд...

- Мо баъзан шӯхиомез мегуем, ки журналистон категорияи махсуси одамонанд, ки рисолати худро анҷом медиҳанд. Яъне онҳо мушкилоти ҷомеаро ба баррасӣ пешниҳод месозанд, роҳҳои ҳалли онро нишон медиҳанд ва дар байни мардум ва ҳукумат пули қавие мебошанд. Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар доираи мақсадҳои оинномавиаш барои ҳимояи манфиати ҷомеаи журналистии Тоҷикистон ва аъзои худ талошҳо хоҳад кард. Инҷониб ҳам таҷрибаи дар сохторҳои давлатӣ ва ҳам хусусӣ кор карданро дорам ва кушиш мекунам дар доираи имконот масъалаву мушкилоти ҳамкасбонро ба ҳукумат ва баръакс ҳукуматро ба журналистон бирасонам.

- Имсол ҳам дар рӯзи таҷлили Иди матбуот – 11 –уми март журналистикаи мустақил дар толор ҷараёни туҳфагирии ҳамкасбони ҳукуматиашонро тамошо мекунад ва рӯзи 3 –юми май – Рӯзи ҷаҳонии матбуоти озод, журналистони ҳукуматӣ бо ҳавас нигоҳ хоҳанд кард, ки журналистони мустақил “ҷашни худро” баргузор мекунанд, ё фикр мекунед бархӯрдҳо иваз шудаанд?

- Тавре болотар зикр кардам, мо аз рӯзи аввал бар он назар ҳастем, ки тафовут байни журналистони ҳукуматӣ ва мустақил набошад ва 11 март рӯзи матбуот барои ҳамагон мебошад. Дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ мо имсол барои ҳавасмандӣ бештар аз 100 нафар журналистонро пешниҳод сохтем, ки аз ин миқдор тақрибан 70 фоизаш намояндагони воситаҳои ахбори оммаи мустақил мебошанд. Чунин муносибат дар ҷашнҳои дигари журналистӣ низ ба роҳ монда мешавад. Зеро журналистони Тоҷикистон сарфи назар аз он ки шакли моликияти воситаи ахборашон чи гуна аст, узви як оилаи тифоқи журналистӣ мебошанд.

- Аз интихоби Шумо ба ҳайси Раиси ИЖТ инак қариб 50 рӯз  мешавад. Ҳанӯз изҳороти ҷиддиву хосе аз Шумо сар назада. Ҳоло аз минбари “Нигоҳ” дар арафаи ҷашни касбӣ ба ҳамкасбони худ  чӣ мегуфтед?

Муҳимтарин коре ки ҳоло иттифоқ анҷом медиҳад, фаъолсозии созмонҳои ибтидоӣ ва ҷоннок сохтани кори Иттифоқ дар миқёси ҷумҳурӣ мебошад.  Имконияти ташкилоти касбиро барои манфиати ҳамкасбон истифода мебарем. Инчунин оид ба масъалаи тағйиру иловаҳо ба қонуни матбуот ва раҳоии ҳамкасбамон аз радиои Озоди Маъсуми Муҳаммадраҷаб Иттифоқи журналистони Тоҷикитсон дар канор набуд ва садои  худро боло карда буд. Инчунин бо пешниҳоди Иттифоқи журналистон 14 нафар журналистони ниёзманд ба сарпарастон вобаста шуданд. Нақшаҳои дигаре низ дорем, ки давра ба давра амалӣ мешаванд.

 Ҳамкасбони азизамонро бо иди матбуоти миллӣ табрик гуфта, барояшон қалами бурро ва парвози баланди мурғи илҳомро таманно дорам. Иттифоқи журналистон Тоҷикистон созмони касбии Шумост барои мо ҳимоя намудани манфиатҳои Шумо волотарин мақсад аст.

 Рӯзи матбуоти тоҷик муборак!

Маълумот: Мухтасари шарҳи ҳол

Зинатулло Исмоилзода 18-уми майи соли 1972 дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1994 факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо баҳои аъло хатм кардааст. Аз соли 1993 то соли 1998 ба ҳайси муҳаррир ва мудири шӯъбаи  иқтисодии Радиои Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 1998-2004 сармуҳаррири барномаҳои иқтисодии Телевизиони Тоҷикистон, муовини директори Телевизиони Тоҷикистон буд. Соли 2004 ба сифати ёвари раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон кор кард. Баъдан Симои мустақили Тоҷикистон (СМТ) -ро роҳбарӣ менамуд. Аз охири соли 2015 сарвари Академияи Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон аст. 16 январи соли 2016 Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон интихоб гардид. Муаллифи беш аз 300 барномаҳои телевизиони ва 15 видеофилмҳост. Барандаи Ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ (с 2002). Оиладор соҳиби 6 фарзанд.

бознашр аз "Нигоҳ" №49 (482). Чоршанбе, 9-уми марти соли 2016

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?