Зери чархи тепловоз мондани зани 54-сола

Тепловози тамғаи “ТЭМ-2 4143” ҳангоми ҳаракат дар километри 46-63-и хати роҳи оҳани шаҳри Душанбе-Пахтаобод, дар ҳудуди ноҳияи Ҳисор зани 54-солаи сокини ин ноҳияро пахш намудааст.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, ин ҳодиса 28 июни соли ҷорӣ, тахминан соати 03:55-дақиқа рух додааст.

“Тепловози мазкур таҳти идораи марди 58-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ва марди 42-солаи сокини шаҳри Душанбе будааст.  

Ба иттилои мманбаъ, зани ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Шояд шумо суол ё назаре доред?