Зарафо Раҳмонӣ зидди ҲНИТ нишондод додааст

Зарафо Раҳмонӣ, мушовири ҳуқукии раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи наҳзати исломӣ, ки миёни 13 тан аз наҳзатиҳо боздошт шудааст, дар мурофиаи судӣ бар зидди ин ҳизб нишондод додааст.

Бино ба иттилои ғайрирасмӣ, ягона зане, ки бо гумони даст доштан дар "ошӯб"-и ба гуфтаи мақомот, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва Абдуҳалим Назарзода, собиқи муовини вазири дифоъи Тоҷикистон барпо карданд, дар мурофиаи ахир шоҳидӣ додааст, ки ҳамҳизбонаш воқеан қасди табадулоти давлатӣ доштанд ва ӯро иҷборан ба узвияти ин ҳизб шомил кардаанд. Дар ҳоле, ки 12 тани дигар аз наҳзатиҳо ба бегуноҳии худ исрор меварзиданд, -мегӯяд манбаъ.

Баррасии парванда, ки хеле пештар оғоз шуда, пушти дарҳои баста мегузарад, Зарафо Раҳмонӣ ҳамчунин дар бораи тарҳи "ошӯб"-и моҳи сентябри соли гузашта ва ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ бо роҳбарии раиси ҲНИТ шаҳодат додааст.

Мақомот пешниҳод карда буданд, ки дар ҳоле ин нафарон ба тафтишот ҳамкорӣ кунанд, ба гуноҳашон иқрор шаванд, ба онҳо сабукӣ дода мешавад. Ба истиснои Зарафо Раҳмонӣ дигар боздоштшудаҳо ҳамаи иттиҳомотро рад мекунанд ва туҳмат меноманд.

Айбдоркунандаи давлатӣ, ба гумони ғолиб аз суд барои Зарафо Раҳмонӣ ҷазои сангине талаб нахоҳад кард, тавре, ки бо Маҳмадалӣ Ҳайит ва Сайидумар Ҳусайнӣ сурат гирифт. Аз барои инҳо ҳукми ҳабси абад пурсида шудааст. Писари генерал Назарзода низ ба 22 соли зиндон маҳкум шуд.

Яке аз шоҳидоне, ки дар ин мурофиаҳо ширкат доштааст, ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, Зарафо Раҳмонӣ Абдуқаҳҳори Давлат, масъули равобити хориҷии ҲНИТ-ро "муқассири гумроҳияш" (ба узвияти ҳизб шомил шуданаш - iшарҳи TojNews) хондааст.

«Зарафо дар ҳар як мурофиа мегиряд, худро бегуноҳ ва қурбонӣ медонад. Дар бораи маблағҳое, ки ба ҳизб аз хориҷи кишвар ворид шудаанд, кӯмакҳои молии Эрон ба ҳизб, дастгирӣ аз Туркия, ки барои таҳсили занони наҳзатӣ сурат гирифтааст, ҳатто хона харидани роҳбарони ҳизбро дар Эрон, Туркия, Олмон, Миср ва Русия мисол меорад. Вай аз суд хост, ки бинобар сабаби 4 фарзанди ноболиғ доштан ва пушаймон шуданаш, ӯро озод кунад», -мегӯяд манбаъ.

Ба иттилои ин манбаъ, дар мурофиа Сайидумар Ҳусйанӣ, муовини раиси ҲНИТ гуфтааст, ки ҳарчанд гуфтаҳои Зарафо Раҳмонӣ туҳмат дар ҳаққи ҳизб ва роҳбарияти он аст, мефаҳмад, ки танҳо ба хотири аз ҳабс раҳо шудан ҳарф мезанад.

13 нафар узви фаъоли ҲНИТ, ки дар Тоҷикистон мамнуъ эълон шудааст, 17-уми сентябри соли гузашта боздошт шуда, дар боздоштгоҳи муваққати КДАМ дар Душанбе нигаҳдорӣ мешаванд. Мурофиаи судии онҳо низ зери муҳри "махфӣ" ҳамон ҷо мегузарад.

Зимнан, моҳи декабри соли гузашта созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар аз забони хоҳари Зарафо Раҳмонӣ гуфтанд, ки дар боздоштгоҳ ӯ мавриди таҷовуз қарор гирифтааст.

Мақомоти Тоҷикистон мавриди шиканҷа қарор гирифтани наҳзатиҳо ва таҷовузи Зарафо Раҳмониро бо пахши баёнияи расмӣ рад карданд.

Ба ғайр аз 13 тан аз наҳзатиҳо, дар робита ба "ошӯб"-и моҳи сентябр беш аз 170 нафар боздошт шудаанд, ки мурофиаи судии онҳо низ паси дарҳои баста идома дорад.

Назарҳо

Ятимов тухматро раво дид нисбати ин зан ва модар. Хаааай. ТоЧНюс чоп кун агар дар хакикат вазифаи журналиститона ичро кардани боше.
Ин занро мачбур кардаанд ки зидди нахзат нишондод дихад ва ин зан солхои зиёд худаш фаъоли хнит буд ва агар инро касе мачбури аъзои нахзат мекард метавонист иштирок накунад дар конфронсхою чащнхои нахзат мисли дигар шахсоне ки аъзаянду ба нахзат намерафтанд. 2юм ин зан ба гуфти хохараш тачовуз шудааст ва дигар чорае чуз кабули шурути хукумат надорад чун мо медонем чигуна шиканчахо сурат мегирад нисбати зиндониён хатто мардхо гунохи надоштаашонро бар душ мегиранд ва тамоми гуфтаи милисаро анчон медиханд барои аз шиканча рахо шудан. Пас як занро хеч мушкиле нест ки ба гап дароранд ин кассобони миллат дар падвалхои амният. Як зан ба тамоми кор рози мешавад вакте тахдид ба тачовузаш мекунанд инро хама медонад ки ин тухмат аст ва мачбур аст чунин сухан гуяд
Ин занро чунон ба назар мерасад, ки дар зиндон фаъолиятҳои гуногун руяш анҷом доданд то ҷое аз ӯ обод намонад. Аз сабаб ба кореҳам ки накарда бошад иқрор кардаст аммо ин ҳизб дар асл дунболи молу мулк буд ба ҷое нарасид! Пулҳои аз хорича омадаро нуши чон карда мехӯрданду чандтои зан гирифта ва хонахои гуногун дар кишвархои осиёӣ ва дигар давлатхо, вале мардуме ки ба номашон пул меомадагӣ овораву бечора мегаштанд! Акнун вақти он шудаст ки оби хунук нӯшанд дар гӯшаи зиндон!
Хамаи аъзои хизб гумрохздагонанд Дар кадом оёти Куръон ва ё Хадиси Паямбари Худо омадааст. ки дар дохили Ислом боз Хизби нахзати исломро бояд таъсис доду мардумро ба тафрика андохт?

Шояд шумо суол ё назаре доред?