Занҳои вакил беш аз ҳар каси дигар мавриди озори ҷинсӣ ва таҷовуз қарор мегиранд

Дар як гузориши Иттиҳоди байнипарламонӣ (созмони байналмилалие, ки саргарми ҳамоҳангсозии парламонҳои олам аст) омада, ки бонувони вакил беш аз ҳар каси дигар мавриди хушунату бадрафторӣ қарор мегиранд.

Дар таҳқиқот 55 бонуи вакил аз кишварҳои гуногуни олам ширкат кардаанд. 80 дарсади онҳо изҳор доштаанд, ки тўли солҳои вакилӣ ба ин ё он сабабе мавриди озори ҷинсиву хушунат ва бадрафторӣ қарор гирифтаанд.

Як зани вакил аз Аврупо гуфтааст, ки зарфи чор соат аз тариқи «Твиттер» беш аз 500 таҳдид ба таҷовуз дарёфт кардааст. Ҳамкасби ў аз кадом кишвари Осиё гуфтааст, ки писари мактабхонашро ба куштан таҳдид мекарданд. 65,5 дарсади ширкаткунандагон гуфтаанд, ки онҳоро бештар таҳқир мекунанд ва ҳамкасбони мардашон доим эродҳои таҳқиромезро раво мебинанд.

Профессор Нканду Луо, ки замоне дар Замбия дар вазифаи вазири умури ҷинсиятҳо кор мекардааст, аз қавли як вакил гуфтааст, ки барояш гуворост, ки ба парламон равад, чун он ҷо занон зиёданд ва метавонад ҳар касеро дилаш бихоҳад, интихоб кунад.

Муаллифони ин гузориш ба хулосае омадаанд, ки табъизи ҷинсӣ ҳатто дар суханҳои пасту разилона метавонад муҷиби хушунат шавад ва сабабгори он гардад, ки занон натавонанд вазифаҳои вакилии худро тавре бояд иҷро намоянд. Ин гузориш ба он маъност, ки ҳатто заноне, ки дар кишварҳояшон аз нухбагон шинохта мешаванд, аз хушунати ҷинсӣ эмин нестанд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?