Зани 52-сола аз Рӯдакӣ ба нашъаҷаллобӣ муттаҳам мешавад

Як зани 52-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир муттаҳам мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, 16-уми январ ин зан бо иттиҳоми “муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор” дастгир шудааст. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз дохили борхалтаи дастгиршуда 390 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш, дарёфт ва мусодира карда шуд, - хабар додааст ВКД.

Дар хабари ВКД таъкид мешавад, “инчунин, дар вақти азназаргузаронии хонаи истиқоматии ӯ иловатан 1 килою 446 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид. Ҷамъи маводи нашъадори дарёфшуда 1 килою 836 граммро ташкил медиҳад”.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?