Зани 30-сола дар маркази шаҳри Душанбе худро оташ зад

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз худсӯзии зани 30-сола дар маркази шаҳри Душанбе хабар дод. 

Бино ба иттилои расмӣ, сокини ноҳияи Фархор дар заминаи рашк ба ин кор даст задааст. 

"Тахминан соати 18:50-дақиқа, шаҳрванд Маҳмадалиева Нигина Намозовна, соли таваллудаш 1986, зодаи ноҳияи Фархор, бо ҳамзисташ Сафарзода Мансур Хуҷавалӣ, соли таваллудаш 1978, сокини шаҳри Душанбе, аз сабаби рашк ҷангу ҷанҷол намуда, бо истифода аз сӯзишвории бензин дар кӯчаи Н.Қарабоеви ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, наздикии ҷойи кори номбурда, худро оташ задааст", -менависад сомонаи расмии ВКД.

Кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ аз ҳодисаи мазкур огоҳ шуда, фавран ба ҷойи ҳодиса омада, дар якҷоягӣ бо шаҳрвандон  Маҳмадалиева Нигинаро аз марг наҷот доданд.

Айни замон, номбурда бо ҷароҳатҳои қисман сӯхтагии бадан дар Беморхонаи №3 бистарӣ гардида, вазъи саломатиаш мӯътадил ва ба ҳаёташ хатар таҳдид намекунад.

Copyright @2016 TojNews

 

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?