"Занги камолот" комилан мамнуъ эълон шуд

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон маросими "Занги камолот"-ро барои хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11-и мактабҳои миёна расман манъ кардааст. 

Бино ба иттилои Радиои "Озодӣ" бо қарори Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон минбаъд, таҷлили "Занги камолот", ки қаблан "Занги охирин" ном дошт ва бо шукуҳи хоса баргузор мешуд, дар кишвар мамнуъ шуд. 

24-уми май қарор дар ҳамин бора, таҳти рақами 72 аз ҷониби Шӯрои мушовараи Вазорати маориф ва илм ба тасвиб расида, ба ҳукми иҷро даромадааст. 

Дар ин қарор, гуфта шудааст, ​"дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ (сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ) гузарондани чорабинии "Занги камолот" барои хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11 манъ карда шавад." Мақомоти вазорати маориф ва илм мегӯянд, тасмими ахири онҳо ба хотири риояи қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ гирифта шудааст.

Аз мудирони шуъбаҳои маорифи кишвар тақозо шудааст, ки ин қарорро дар ҷаласаҳои худ қироат карда, "иҷрои саривақтӣ ва ҳатмиашро таъмин намоянд". Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи охирини таҳсил дар мактабҳои миёнаи кишвар 7 июн муқаррар шудааст ва дар ин рӯз тамоми хонандагон бояд машғули дарсхонӣ бошанд, на таҷлили шабнишинӣ.

Дар сурати иҷро нашудани ин қарор вазорати маориф ва илм гуфтааст, ки нисбат ба сардорони раёсатҳои ин вазорат, мудирони шуъбаҳои маориф ва роҳбарони мактабҳо чораҳо хоҳад андешид",-шарҳ медиҳад манбаъ. 

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?