Захми Истиқлол. Сармақолаи “Нигоҳ”

Қадриддин Аслонов

Чаро дар 25-умин солгарди истиқлолияти миллӣ мо ҳануз давлат ва ҷомеае боқӣ мондем, ки сирри куштори имзокунандаи Эъломияи истиқлолияти давлатиямон Қадриддин Аслоновро пӯшида нигоҳ медорему телевизиону рӯзномаҳои расмиамон ҳатто дар арафаи ҷашн аз ӯ ёд намекунанд?  

Ёди он рӯзҳо, ёди он бузургон...

Сухан аз Истиқлол аст-сартоҷи ҷашнвораҳои давлатӣ. Ҷашне, ки ҳамагонист, ҷашне, ки бе он миллат миллат нест, бе он Ватан Ватан нест. Ҷашнест, ки ҳамагон дӯст доранд, омад-омадашро бесаброна интизорӣ мекашанд.

Ҷашни сарҷамъист, ҷашни миллист...

Ва имсол хоса аст. Чаҳоряк аср мегузарад, аз он рӯзе, ки аввалин маротиба эъломияи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қабул шуд ва дар харитаи олами пуртазоди асри 20 давлати соҳибистиқлоле бо номи Тоҷикистон арзи вуҷуд кард. Мо дар харитаи сиёсатҳои олам ҳамчун давлат  эҳё шудем. Тоҷик аз худ дарак дод ва сарзаминеро бо номи Тоҷикистон чун ватани ин миллат ва марзу буми он ба оламиён шиносонд.

Чаҳоряки аср сипарӣ шуд ва тифли 9-уми сентябри соли 1991 ба дунё омада имрӯз 25-сола аст. Дар ин биступанҷ сол Тоҷикистони соҳибистиқлол басо рӯзҳои пурташвишу пуризтиробро пушти сар кард. Қурбониёни зиёд дод, то Истиқлолияташро ҳифз кунад. Миллат дар дами марг ҳам қарор гирифт, вале худшиносон ин миллату ин давлатро наҷот доданд ва имрӯз он кишвари мухтор 25-сола аст. Ҳарчанд давлатдории ин миллат реша бар ҳазорсолаҳо дорад, вале дар асри навин Тоҷикистон давлати чаҳорякасра аст. Ва ҳамаи кишварҳои тозаистиқлоли пасошӯравӣ, ки аз юғи истисмори коммунистӣ худро наҷот додаву давлатдории хешро худро эълон карданд, ҳамин сол доранд. Яъне, имсолу соли оянда яке паси дигаре ин 15 ҷумҳурии раҳоёфта аз низоми коммунистӣ ва пошхӯрда аз абарқудрате бо номи СССР ҳамин умри бисту панҷ соли худро таҷлил хоҳанд кард.

Бе онҳо, вале бо ёди онҳо

Ҳар сол дар остона ё рӯзҳои Истиқлол расонаҳо ҳатман аз таърихи он менависанд ва аз номи касоне ёд мекунанд, ки дар саргаҳи талошҳои истиқлолхоҳӣ қарор доштанд.  Зеро Истиқлолият коре набуд, ки дар як моҳу ду моҳ ба даст омада бошад, балки ғояе буд решадор, чанде мардони хирад, озодандеш ва миллатпарасту меҳандӯстон солҳо тарҳи онро кашиданд, чун медонистанд, ки импературиҳо умре абад надоранд, чун медонистанд, ки қудратҳо пош мехӯранд. Зеро ин сабақи таърих аст: ҳар қудрати азим билохира ба поёни умраш мерасад.

Созмонҳое дар аввал пинҳонӣ ва баъдан бо вазиши як насими мусоид аз Кремл бо номи бозсозӣ ошкор рӯ ба майдони фаъолият оварданд. Аввалини онҳо шояд минбари баҳсӣ барои рӯшанфикрон маҳфили “Рӯ ба рӯ” буд. Мо ин маҳфилро ҳоло ҳам ёд дорем, маҳфиле, ки асосан рушанфикрон дар он гирд меомаданд ва дар ин ё он мавзуъи хеле муҳими сиёсиву иҷтимоӣ баҳс мекарданд. Ин маҳфил расона надошт, ба сурати ҷаласаҳои парешон амал мекард, вале чун аввалин минбари ошкоргӯӣ буд, ҳаводоронаш афзуданд.

Баъдан “Растохез”-и Тоҳири Абдуҷаббор аз худ дарак дод ва баъд аҳзоб пайдо шуданд. Ин замоне буд, ки Шӯравӣ бо ҳамон қудрати истихборотиаш вуҷуд дошт. Дар “Растохез” беҳтарин огоҳон, олимон, шоирон ва нависандагон ва бедортарин донишҷӯён узвият доштанд. Вале ҷамоҳири бедори Балкону Қафқоз чунбишҳоеро бо номҳои гуногун, аз қабили “Ҷабҳаи халқӣ” роҳандозӣ карданд. Ин ҷунбишҳо танҳо як ҳадаф доштанд: Раҳоӣ аз СССР! Ва ташкили давлати миллии худ.

“Растохез”-и Тоҳири Абдуҷаббор низ ҳамин миссияро дошт. Яъне, Истиқлолият, эҳёи давлатдории тоҷикон. Худи ӯ, ки як фарди хеле огоҳ, донишманди закӣ, бедор ва мусаллат ба дарки сиёсӣ буд, талош кард аввалин Эъломияи Истиқлолияти Тоҷикистонро бинависад. Навишт ва эълон кард.  Аммо “Растохез” баъди рӯйдодҳои хунини Баҳманмоҳи соли 1990 саркӯб шуд, пинҳонкор шуд. “Растохез” ҳарчанд ошкор наметавонист фаъолият кунад, вале ғояҳои он миёни мардум зудтар паҳн шуданд.

Аз баҳманмоҳи хунин каме бештар аз як сол гузашт, ки Тоҷикистон Истиқлолияти худро эълон намуд. Хеле зуд ва хеле сари вақт. Дигар намешуд роҳбарони вақт талаби мардумро нодида гиранд. Майдонҳо зинда шуданд, одамони бедор истиқлолият мехостанд ва яке аз пешвоёни аслии ин талаби мардум Тоҳири Абдуҷаббор буд.

Се сол пеш нашрияи “Миллат” пешниҳод кард, ки ба меъмори Истиқлолияти Тоҷикистон Тоҳири Абдуҷаббор унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шавад. Ин нашрия менавишт, ки хизматҳои Тоҳири Абдуҷаббор на камтар аз заҳамоти Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шотемур, Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров аст.  Тоҳири Абдуҷаббор як сиёсатмадори ҳирфаӣ буд ва баъди он ки “Растохезаш”-ро пароканда карданд, мисли дигар ҳампешагонаш худро ба ҳизбу гуруҳҳои сиёсӣ назад, балки озод монд ва мегуфт, ки аз миёни мардум баромадааст ва то абад бо ҳамаи мардум хоҳад монд, на мансуб ба ҳизбеву гуруҳе. Тоҳири Абдуҷаббор бидуни шак меъмори Истиқлолият аст ва Эъломияи аввалинро ҳам маҳз ӯ навишта буд. Замоне, ки дигарон ҳарфи Истиқлолият ба забон доштанд, вале намедонистанд, онро чӣ гуна метавон бунёд кард, Тоҳири зиндаёд Эъломияро навишт ва нишон дод, ки ана ин гуна мешавад давлати соҳибистиқлол сохт.

Тоҳири Абдуҷаббор ягона касе аз миёни сиёсатмадорони вақт буд, ки мегуфт, Тоҷикистон бояд дивизияи 201-ро моли худ эълон кунад, чун давлати беартиш давлат нест ва вуҷуди артиши бегона Истиқлолияти кишварро таҳдид мекунад. Аммо Раҳмон Набиев ин корро накард. Ва баъд дидем, ки ин артиши бегона бо ба ину он фурӯхтани силоҳ дар воқеъ Тоҷикистонро дар дуроҳаи буду набуд қарор дод. Тоҳир Абдуҷаббор барои ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон мухолифи идеоложӣ аст. Намехоҳанд аз ӯ ному нишоне бошад. Аммо аз Тоҳир Абдуҷаббор ҳам марди сиёсии барои Истиқлолият муҳимтар буд. Ӯ 45 сол дошт. Барои аксарияти насли имрӯзи тоҷикистониён ӯ ношинос аст.

Чиҳилу панҷ соли умр ва талоши қадрнашуда

Бале, умри ӯ беш аз 45 сол набуд. Аммо дар ин умри кутоҳ вай тавонист бо чанд амал худро абадан дар таърих сабт кунад.

Сухан аз Қадриддин Аслонов аст, аз райиси Шӯрои олии Тоҷикистон, ки маҳз бо талошу пофишориҳои ӯ Парлумони кишвар, билахира эъломияи Истиқлолияти Тоҷикистонро пазируфт, Тоҷикистонро давлати мустақил эълон кард. Ва ба чӣ баҳое: соле баъд сар ба болини хок монд, бераҳмона кушта шуд.

Кадриддин Аслонович Аслонов, 29-уми майи соли 1947 дар ноҳияи Ғарм ба дунё омада, дастпарвари Донишкадаи зироат ва Мактаби олии ҳизбӣ буд. Аввал мудири як устохона ва баъд механики колхоз шуд. Аммо давлати шуравӣ  роҳашро ба сӯйи мансабҳо боз кард, котиби дуюм ва баъд якуми Комсомоли ноҳияи Колхозобод шуд, дар чандин вазифаҳои роҳбарии дигар кор кард ва баъд котиби аввали Ҳизби коммунисти ноҳияи Панҷ таъин гардид, аз он ҷо ба соҳаи кишоварзӣ баргашт. Соли 1990 Раиси Шӯрои олии Тоҷикистон интихоб шуд. Дар ҳамин вазифа буд, ки фаъолияти Ҳизби коммунистро дар кишвар манъ кард ва моликияташро давлатӣ эълон намуд. Моҳи сентябри соли 1991 бо фармони ӯ пайкараи Ленин аз майдони марказии пойтахт канда шуд. 8-уми сентябр Эъломияи истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро имзову 9-уми сентябр эълон кард. Мансабдорони давр, ки саросар коммунист буданд, мардумро ба шӯр оварданд, муқовимат ба давлатро шиъор сохтанд. Прокурори генералӣ Ҳувайдуллоев аз рӯйи ҳодисаи кандани ҳайкал парвандаи ҷиноятӣ боз кард.
    Дар ҷаласаи Шӯрои олӣ вакилон ба раиси худ нобоварӣ изҳор карданд, вай ба истеъфо рафт ва Шӯро қарор кард, ки қарори манъи фаъолияти ҲК нодуруст аст. Аммо Аслонов мегуфт, ҳама амалҳояш қонунӣ ва ба манфиати миллатанд. Мухолифонаш беибо  ӯро хоин ва хиёнаткор меномиданд.

  Соли 1992 Аслонов Раиси кумитаи иҷроияи вилояти Қурғонтеппа таъин шуд ва дар ин симмат то дами марги иҷбориаш кор кард. Аммо аксарияти аъзои он Шӯро ва пуштибонони ҳайкали Ленин ҳоло зиндаанд, дар телевизиону рӯзномаҳои ҳукуматӣ аз иди бузурги миллат гап мезананд, дар Шӯрои ҷамъиятии назди Президенти Тоҷикистон курсинишӣ мекунанд, бо Истиқлолият меболанд. Аммо Қадриддин Аслонови 45-сола, ки бо хориву зиллат аз ҷониби унсури ҷиноӣ ва пешвои “Фронти халқӣ” Сангак Сафаров кушта шуд, зери хок аст. Гурашро баъди чандин сол наздиконаш ёфтанд. Аммо то ҳол дар он нишоне аз ходими давлатӣ будани раҳматӣ Қадридин Аслонов нест.

Истиқлолият арзиш ё шиъор?

 Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз нагашт, ба он баҳои ҳуқуқӣ дода нашуд, ё мардум аз натиҷаҳои он чизе намедонанд. Чаро? Наход марги иҷбории ходими давлатие, ки эъломияи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба имзо расонидааст, то ин ҳад беаҳмият бошад?!! Ин ҳам дар ҳоле, ки чанд рӯз кам 25 сол боз, хоса баъд аз соли 1997 ба ин сӯ, ҳукумату ҷомеаи имрӯзаи мо аз дастоварди бузургтарини худ – истиқлолияти  миллӣ ҳарф мезананд, ширинии шаҳду меваҳои онро ба ҳазорон шева тавсиф мекунанд. Чаро дар бораи Қадриддин Аслонов як ҳарфе дар телевизиону радиои ҳукумати феълӣ шунида намешавад? Чаро ин ҳодисаи таърихиро моҳирона руйпӯш мекунанд? Посух хеле сода аст:

 ЗЕРО БА НАЗАР МЕРАСАД, КИ АМАЛАН ИСТИҚЛОЛИЯТ ШИЪОРЕСТ БАРОИ ИДОРАИ МАРДУМ, НА АРЗИШИ МИЛЛИВУ ДАВЛАТӢ.

 Агар ин тавр намебуд, муносибат ба ин ходимони ҷамъиятиву давлатӣ, ки зикрашон кардем ва даҳҳову садҳо ҷоннисорони дигар, ки барои ин арзиш талош варзидаанд, давлатӣ мешуд, на гуруҳӣ ва на идеоложӣ!

 Агар Истиқлол дастоварди миллӣ аст, пас бояд таърихи талхи он низ ҳикоя шавад, то мо ҳамчун миллат “аз таҷрибаи рӯзгор баҳра бигирем”.  То ин корро накунем, дарди истиқлол аз худ дарак хоҳад дод.

 Ҳоло, ки ин сатрҳо рӯи коғаз чида мешаванд, беихтиёр маросими ду рӯз пеш баргузоршудаи қадрдонии аҳли илму адаб, хизматчиёни давлатӣ, фарҳангиёну ходимони ҷамъиятии бо ширкати президент Эмомалӣ Раҳмон пеши назар меояд. Бидуни шубҳа, аксарияти онҳое, ки қадрдонӣ шуданд, чеҳраҳои маҳбубу маъруфанд, ки лоиқу сазовори қадрдонӣ дар сатҳи давлатӣ мебошанд. Аммо чаро миёни эшон ягон намояндаии ҷомеаи шаҳрвандии кишвар, ягон адвокат, ягон журналисти мустақил, ягон  ҳомии ҳуқуқи инсон набуд? Ё шояд ин қишри ҷомеа ба Истиқлолияту Давлатдории миллии Тоҷикон рабте надоранд? Мусалам аст, ки доранд. Пас боз ҳам чаро? Посух боз ҳам сода аст: ЗЕРО БА НАЗАР МЕРАСАД, ки мансабдорон АМАЛАН ИСТИҚЛОЛИЯТ-ро ба ШИЪОРЕ табдил медиҳанд БАРОИ ИДОРАИ МАРДУМ. Агар ин тавр несту мо муболиға мекунем, омодаем сидқан аз ҳар як масъули ҳукумату ҷонибдоронашон дар ҷомеа узр пурсем. Аммо танҳо баъди он, ки арзиши миллӣ будани Истиқлолият дар амал исбот шавад.

Охир сухан аз Истиқлол аст-сартоҷи ҷашнвораҳои давлатӣ. Ҷашне, ки ҳамагонист, ҷашне, ки бе он миллат миллат нест, бе он Ватан Ватан нест. Ҷашнест, ки ҳамагон дӯст доранд, омад-омадашро бесаброна интизорӣ мекашанд.

Ҷашни сарҷамъист, ҷашни миллист...

 

“Нигоҳ”

Назарҳо

агарчи ба таъкиду тазаккури ин ҳақиқати талх хеле дер иқдом намудед. вале ҷавҳар надоштани ҷашни Истиқлолро хеле хубу бамаврид пай бурдаед. Зеро аз таҷлили ҳамаи ҷашнҳо дар Тоҷикистон рангу бӯи риё омада, ватандӯстиву патриотизми мо риёкорие беш нест.
Агар росташро гуем истиклолият ба мо муфт расидааст. Елцин, Кравчуц ва Шушкевич санади пошхурии СССР-ро имзо гузоштанд ва мо сохибистиклол шудем. Ин декларцияе, ки Абдучаббор тартиб доду Аслонов даст монд, як когази хушку холи буд. Лекин кайд кардан лозим аст, хам Аслонов ва хам Абдучаббор тарафдори истиклоляти Точикистон буданд. Онхое ки имруз дар сари ... кишвар хастанд, задди истиклоляити Точикистон буданд. Холо бошад худро фидиени истиклолият меноманд, ки хеле хандаовар аст.

Шояд шумо суол ё назаре доред?