Як тоҷики путинист вакили Думаи давлатии Русия интихоб шуд

Раҳим Азимов, як зодаи Тоҷикистони муқими Русия бо ширкат дар интихоботи Думои давлатии ин кишвар бо дарёфти 51,29 дарсади овозҳо аз вилояти Киров вакил интихоб шуд.

Раҳим Азимов узви ҳизби ҳоким буда, дар интихоботи гузаштаи президентӣ шахси бовариноки Владимир Путин будааст.

Раҳим Азимов 52 сол дошта, зодаи шаҳраки Шӯроби ноҳияи Исфара будааст. Хатмкардаи Донишгоҳи маъданшиносии ба номи Г.В.Плеханови шаҳри Ленинград, баъди анҷоми таҳсил дигар ба Тоҷикистон барнагаштааст. Раҳим Азимовро аз соҳибкорони муваффақ медонанд.

Аз соли 2000 узви Шӯрои Федератсия ва муддате дар Кумитаи назорати муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир кор кардааст. Азимов дар корҳои илмӣ низ муваффақ шудааст ва аз соли 2008 то 2012 профессори донишгоҳи маъданшиносии Санкт-Петербург, муовини раҳбари куллии корпоратсияи «Ростехнологии» кор кардааст. Соли 2015 дар «Корхонаи кимиёии Кирово» муовини раис оид ба масоили иҷтимоии ОАО «ОХК «Уралхим» таъин шудааст.

Ҳамсари рус дорад ва соҳиби 3 фарзанд мебошад. Раҳим Азимов аввалин пирӯзи сабқати интихоботии Думои давлатии Русия аз Тоҷикистон аст. Натиҷаи овозҳои номзади дигари интихоботи парламон Абдуллоҳ Давлатов аз Ҳизби РОСТ эълон нашудааст.

Шояд шумо суол ё назаре доред?