Як қадам то қаҳрамонии Фаррух Амонатов дар Ҷоми шоҳмоти Осиё Марказӣ

Натиҷаи даври шашуми мусобиқоти минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба шоҳмот гроссмейстери тоҷик Фаррух Амонатовро ба ғолибият наздиктар кард.

26-уми ноябр дари шашуми мусобиқоти минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба шоҳмот барои ҷоми «Central Asia Cup 2015″ дар шаҳри  Олмотии Қазоқистон баргузор шуд.

Гроссмейстери тоҷикистонӣ Фаррух Амонатов бозиро бо ҳарифаш Антон Филиппов аз Ӯзбакистон мусовӣ анҷом дод ва ҳоло ин ду тан пешсафи сабқат ба шумор мераванд. Фаррух Амонатов соҳиби 2581, 5,5 хол буда, шонси бештари пирӯзӣ дар даври ниҳоӣ дорад.

Дар хабари расонаишуда гуфта мешавад, ки бозиҳои ин давр дар панҷ тахтаи дигари шоҳмот низ гоҳе мусовӣ ва гоҳи дигар бо бурди як ҷониб анҷом шудаанд.  

Фаррух Амонатов, устоди сатҳи байналмилалӣ ва ягона шатранҷбози тоҷик, ки унвони гроссмейстер дорад, рӯзе қабл дар панҷумин даври мусобиқоти шоҳмот дар шаҳри Олмотии Қазоқистон аз бозӣ бо Марат Ҷумъаев (Узбакистон) бо 5 хол пирӯз берун омад. 

Фаррух Аломатов, шатранҷбози маъруфи тоҷик 37 сол дошта, дар айни замон мураббии тими бачагонаи шоҳмот дар Русия мебошад.

Copyright © 2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?