"Як байти парниён" дар Теҳрон рӯнамоӣ шуд

Маросими рӯнамоӣ аз китоби "Як байти парниён" бо ширкати шахсиятҳои матраҳи фарҳангию донишгоҳӣ, намояндагиҳои Вазорати умури хориҷии Эрон ва корпусҳои дипломатии сафоратхонаҳои муқими Теҳрон, донишҷӯён, ҳунармандон ва хабарнигорон дар Фарҳангсарои Ниёварони Теҳрон бо ҳамкории Муассисаи фарҳангии СҲИ (ЭКО) ва Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон баргузор гардид.

Дар маросими мазкур Ифтихор Ҳусейн Ориф - Раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО, Неъматулло Эмомзода - Сафири Фавқулодда ва Комилҳуқуқи Чумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон, доктор Ҳасани Ануша - тоҷикшинос ва сарпарасти Донишномаи адаби форсӣ, доктор Муҳаммадсарвари Мавлоӣ - устоди донишгоҳ ва Раиси собиқи Донишгоҳи Бомиён, доктор Тавфиқи Субҳонӣ - мавлонопажуҳ, хонум Заҳро Аслонӣ - адабиётшинос дар бораи ҷойгоҳи Рӯдакӣ ва аҳамияти китоби "Як байти парниён" изҳори назар намуданд.

Неъматулло Эмомзода дар суханронии худ таъкид намуд, ки Тоҷикистон ҳамвора ба мақому ҷойгоҳи Рӯдакӣ - асосгузори адабиёти форсу тоҷик аҳамияти вижае қоил будааст, ба наҳве, ки дар соли 1958 ва 2008 бузургдошти қофиласолори шеъри форсӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ баргузор гардид ва 22 сентябри ҳар сол дар кишвар ба унвони "Рӯзи Рӯдакӣ" баргузор мегардад.

Дар ин маросим гурӯҳи мусиқии "Навои милал" шеъри машҳури Устод Рӯдакӣ "Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме" - ро иҷро намуд. Ҳамчунин, оҳангу таронаҳое аз Ҷурабек Мурод, Далер Назар ва Муродбек Насриддин ба сурати повер поунт пахш ва низ суханони Эмомалӣ Раҳмон – Президенти Тоҷикистон дар бораи Рӯдакӣ дар толор гузошта шуда буданд. Ёдовар мешавем, ки китоби "Як байти парниён" 36 мақола аз муҳаққиқони барҷастаи тоҷик аз ҷумла, Устод Айнӣ, Раҳим Ҳошим, Шарифҷон Ҳусейнзода, Абдулғанӣ Мирзоев, Баҳром Сирус, Султон Воҳидов, Саъдоншо Имронов.... ро фаро мегирад, ки ин мақолаҳо бори аввал бо хати форсӣ дар Эрон мунташир мешаванд.

Китоби мазкур бо талоши Шоҳмансури Шоҳмирзо - коршиноси мизи Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии ЭКО таҳия, тадвин ва баргардон шуда, онро хонуми Заҳро Аслонӣ вироиш намудааст. Китоб аз 534 сафҳа иборат буда, дорои шарҳи вожагон, манобеъ ва зиндагиномаи муаллифони мақолаҳо мебошад.

Шояд шумо суол ё назаре доред?