Вуруди сарвазирони Покситон ва Қирғизистон ба Душанбе

Ҳайати намояндагони Ҳукумати Қирғизистон бо сарварии сарвазир Сооронбой Жээнбеков имрӯз ба манзури ширкат дар маросими оғози лоиҳаи энержии  CASA-1000 вориди Душанбе шуд.

Аз ин пештар хабар дода мешуд, ки дар ин маросим президент Алмосбек Отамбоев ширкат мекунад ва ҳамзамон сафари расмӣ дар Тоҷикистон анҷом медиҳад. Аммо дар остонаи маросим Қирғизистон эълон кард, ки сафари президент Отамбоев барои як муддати дигар лағв мешавад ва ҳайат бо сарварии сарвазири ин кишвар ширкат хоҳад кард.

Ҳамчунин субҳи имрӯз Сарвазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф низ ба Душанбе омад. Сарвазири Покистонро дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт ҳамтои тоҷикаш Қоҳир Рсулзода пешвоз гирифт. Қарор аст Навоз Шариф низ дар маросими расмии татбиқи Лоиҳаи «СASA-1000»  иштирок кунад.

Маврид ба ёдоварист, ки тарҳи «СASA-1000» чун бунёдитарин лоиҳаи муштараки  Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон   норасоии неруи барқро коҳиш дода,  дар  равобити тиҷоративу иқтисодии кишварҳо дарҳои нав боз мекунад.  

Шояд шумо суол ё назаре доред?