Воридоти доруворӣ ба Тоҷикистон ҳудуди 50 дарсад коҳиш ёфтааст

Ба маблағи миллион доллари ИМА воридоти маҳсулоти доруворӣ ба Тоҷикистон ба маротиб коҳиш ёфтааст.

Бино ба иттилои масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ соли 2015 ба Тоҷикистон аз хориҷ бо мабағи 48 миллиону 792 ҳазор доллар маводи доруворӣ ворид шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 45 миллиону 357 ҳазор доллар кам мебошад. Соли 2014 аз хориҷ ба Тоҷикистон бо маблағи 94 миллиону 149 ҳазор доллари ИМА ворид шуда буд.

Масъулини вазорати тандурустӣ сабаби коҳиш ёфтани дорувориро ба кам шудани воридоти ёрии башардустона ва буҳрони молиявӣ рабт медиҳанд. Ба итилои ин ниҳод соли 2015 воридоти маводҳои доруворӣ тариқи ёрии башардустона қариб 40 милион доллар кам шудааст.

Масъулини вазорат мегӯянд Тоҷикистон дигар кишвари қашшоқ нест ва созмонҳои хориҷа ба кишвар камтар ёрии башардӯстона медиҳанд.

Ҳамчунин, буҳрони иқтисоди боис ба он шудааст, маводҳои доруворӣ аз ҷониби тоҷирон низ кам ворид карда шавад. Тоҷирон соли гузашта ба Тоҷикистон бо маблағи 31 миллиону 175 ҳазор доллар дору ворид кардаанд. Ин рақам дар соли гузашта 40 миллиону 727 ҳазор долларо ташкил медод.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?