Вокуниши парламенти ИА ба ҳамапурсии тағйироти Сарқонун дар Тоҷикистон

Парламенти Иттиҳоди Аврупо баргузории ҳамапурсӣ барои ворид кардан тағйирот ба Сарқонун дар Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор додааст.

14-уми март Европарламент бо нашрия як баёния гуфтааст, ки “Тоҷикистон дар моҳи майи соли 2016 барои тағйирот ба Сарқонун ҳамапурсӣ мегузаронад ва ба Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1994 дар сари қудрат аст, ҳуқуқи бемаҳдуди президентшавиро медиҳад”.

Ин баёния таҳти унвони “Ҳамапурсӣ дар Тоҷикистон ва вокуниши Иттиҳоди Аврупо” нашр шудааст. Дар он гуфта мешавад, ки “муҳити сиёсии саркубгароёна ҳамроҳ бо иқтисоди заиф боис ба ноумедии шаҳрвандон ва онҳоро ба сӯи таблиғоти гуруҳҳои ифротӣ майл медиҳад”.

Афзоиши шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафи ДИИШ-ро таҳдиде ба кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупоро низ донистаанд. Ба ҳисоби вакилони парламенти Аврупо шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафи ДИИШ дар ҳоли афзоиш буда, ҳудуди 2 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Дар идома суол гузошта шудааст, ки “Чи гуфтгугӯе дар мавриди ҳамапурсӣ, агар сурат гирифтааст, мақомоти Иттиҳоди Аврупо мо ҳукумати Тоҷикистон доштаанд? Иттиҳоди Аврупо чи фишорҳоеро барои лағви ҳамапурсӣ эъмол кардааст? Оё масъулини Иттиҳоди Аврупо бо далелҳои кофӣ паёмадҳои ҳамапурсиро барои Тоҷикистон ба назар гирифтаанд?”

Дар чанд рӯзи охир дуюмин вокуниши созмонҳои муътабари байналмилалӣ дар бораи ҳамапурсӣ барои тағйироти Сарқонун дар Тоҷикистон мебошад.

9-уми март гузоришгари вижаи СММ Дэвид Кайе низ баъди як ҳафтаи сафараш ба Душанбе дар нишасти хабарие гуфт, ки аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки аз баргузории раъйпурсӣ барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар худдорӣ кунанд.

Вай гуфт, ин матлабро ба мақомоти Тоҷикистон ба миён гузошта, дар шарҳи он гуфтааст, ки тағйиру иловаҳо ба маҳдуд кардани фаъолияти аҳзоби мухолифи ҳукумат равона шуда, тақвияти қудрати президентро мадди назар дорад. Вай афзуд, далели дигар ин аст, ки раъйдиҳӣ дар шароити таъқибу фишорҳо ба аҳзоби сиёсӣ, бахусус динмеҳвар, созмонҳои ҷамъиятӣ ва матбуоти озод мегузарад ва баррасиҳои судии пас аз раъйдиҳӣ маҳдуд шудаанд.

Ба бовари гузоришгари вижаи СММ, дар шароите, ки озодии баҳсу баррасии тағйиру иловаҳо ба Конститутсия дар ҷомиа вуҷуд надорад, баргузор кардани раъйдиҳӣ нигаронкунанда аст.

Зимнан, 10-уми феврали соли равон Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 22-юми майро рӯзи раъйпурсии ҳамагонӣ эълон кард. Бино ба пешниҳоди Суди конститутсионии Тоҷикистон, ба 19 моддаи Конститутсияи кишвар тағйиру иловаҳо ворид мешавад. Тибқи тарҳе, ки аз сӯи Суди конститутсионӣ пешниҳод ва аз ҷониби Маҷлиси намояндагон таъйид шуд, моддаҳои 1, 5, 7, 8, 14, 15, 16, 18, 20, 27, 28, 32, 34, 37, 38, 40, 45, 49, 51, 56, 61, 64, 65, 69, 71, 73, 74, номи боби шашум, моддаҳои 76, 78, 79, 84, 85, 86, 89, 91, 93 тағйиру такмил хоҳанд шуд.

Коршиносон дар ин миён поин овардани синни номзадӣ ба мақоми президентӣ аз 35 ба 30 солро муҳим мешуморанд. Ба бовари онҳо, дар интихоботи президентии соли 2020 президенти кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳаққи ширкат нахоҳад дошт, аммо то ин замон синни писари ӯ - Рустами Эмомалӣ, ҳоло директори Агентии мубориза бо коррупсия ва назорати давлатии молиявӣ ба 30 мерасад ва ҳуқуқи ширкат дар интихоботро ба даст меорад. Ҳамзамон, ба бовари коршиносон, ин тағйиру иловаҳо имкон медиҳанд, ки худи президент Эмомалӣ Раҳмон бар пояи “Қонуни Пешвои миллат” ҳуқуқи пешниҳоди номзадиаш ба президентии бемуҳлатро ба даст орад.

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

Ба умеди Аврупо хеч гох набошед, ки мулкро вайрон кунад ва онхо хеч гох дар фикри ободиву оромии мо нестанд
СССР мо гуфта шумо киро дар назар доред. Ман ина 4 мох бекор намедонам чи кор карданамро . Порсол то кризисҳо дар сохтмонҳои шаҳр кор ёфтан осонтар буду кор кардам . Аз сентябри 2015 то индам кор намеёбам.СССР ту мумкин ҷои руғанинро ёфтасти зиндагиат тинҷ гузаштаистодааст ки нооромат накунанд лекин ман баринҳо дар ин баҳор ҳатто чукри ва сиёалафхариро натавонистаистем ки шумораамон ними Душанбе аст, намедонем ободии мо дар чи аст.
10 000 бор Пешвои миллат гуй, шояд шикамат сер шавад))
Чавонони фаъол Ахмадуча баа пеееш нази бинои Иттиходи Аврупо
Ман хам намедорнам, ки як турфаи манкурт ОБОДИ гуфта чиро дар назар доранд. Агар хамин бебарки, пораву ришвахурии дарачаи ОЛИ, ноадолатии макомоти кудрати, махалчигие, ки мисолаш дар таърихи миллат набуд, хешу таборбози, сохтани чанд магозаву бизнес барои оилаи худ агар ободи бошад вой бар ХОЛИ МИЛЛАТИ точик! Вой, ки чунин фарзандони манкурт низ дорад. ВОЙ!!!! Пасттарин маош, пасттарин нафака, пасттарин дарачаи зиндаги, пасттарин иктисодиёт, кимматарин нарху навои озука, кимматарин андозхо, ки хатто мутахасисони чахони инро кайд намуданд, мухочиорати фоизи бисёри ахоли...хамин аст ободи? хамин аст пешрави????
Ҳой СССР! Аврупо ин хел ганда бошад, о барои чи доимо аз вай пул гадоӣ мекунед?
Man ham hajron gued dee.Obodi, osudagi , shukrguzori megan ,o magar meshavad ba zindagii noshoista shukr guft?Ba iktisodi fasodzadavu karaht shukr guft? Ba beadolativu behukuki shukr guft? Ku bark, ku joi kor, ku imiji millat,akallan dar hudi Dushanbe obi garmu peshkahoi garma nameojobi...
Иттиходи Аврупо проблемахои худашро хал кунад! Селаи мухочиринро.ки натичаи фитна ва дасисааш аст.хал кунад! Рост гуфт аком СССР ба умеди ин шайтон нашавед!
Дар Аврупо ягон проблемаи дигар нест, ки Точикистона капидаст. Парламенти Иттиходи Аврупо рав проблемаи давлатхои Аврупоро хал кун. Ин чо барои ту Сурия, Ирок, Ливия ё Афгонистон нест. Мо худамон медонем чи кор кунем. Рафта вактатро барои таркишхои Белгия сарф кун. Мо нафт ё бойгари надорем. Мо миллатем, ки агар даркор шавад дили ИА ва парламенти онро медаронем. Вон от сюда ИА, ИМА, ва г.
Ба 12123 Дар Точикистон хама серанд. Пешвои миллат арзанда аст....

Шояд шумо суол ё назаре доред?