Вохӯрии Сироҷиддин Аслов бо ҳайати Чин дар Душанбе

Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки бо роҳбарии Ваколатдори ҳукумати Чин оид ба масъалаҳои амният ва мубориза алайҳи терроризм ҷаноби Чен Гопин мулоқот кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКХ, дар рафти суҳбат ҷонибҳо роҳҳои татбиқи амалии тавофуқҳое, ки миёни роҳбарони олии ду кишвар ҷиҳати таҳкими беш аз пеши шарикии стратегии Тоҷикистону Чин дар ҳавзаҳои мухталиф ҳосил шуданд, баррасӣ намуданд.

“Дар ин замина бар аҳамияти тавсеаи робитаҳои байниидоравию байниминтақавӣ ва таъсиси абзорҳои нави ҳамкорӣ, ки ба таъмини рушди босуботи иҷтимоию иқтисодӣ, сулҳ ва амнияти минтақа равона шудаанд, таъкид гардид.”

Манбаъ мегӯяд, ҳамчунин роҷеъ ба дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар сурат гирифт.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?