Вижашумораи "Нигоҳ":90 соли Душанбе барои Шумо

Вижашумораи ҳафтаномаи “Нигоҳ” ба муносибати 90-солагии пойтахти давлати тоҷикон 20-уми октябр ба нашр расид, ки дар он ҳодисаҳои муҳими 90 соли шаҳри Душанбе ба ривояти расонаҳои давр  инъикос гардидааст.

Шумораи махсуси “Нигоҳ” дар ҳаҷми 104 саҳифа ба нашр расида, барои инъикоси ҳар сол як саҳифа ихтисос гардидааст.

Ба гуфтаи масъулини нашрия, онҳо талош кардаанд, ки дар як саҳифа ба ҳади аксар ҳодисоти муҳимтарини ҳар солро аз сиёсату иҷтимоъ, то фарҳангу варзиш ва ҳатто эълонҳо ҷой диҳанд.

Дар сармақолаи нашри махсуси нашрия, омадааст: «Нигоҳ» наметавонист ба ин санаи муҳим ба шеваи худ бархӯрд накунад. Ин буд, ки ҳанӯз моҳи декабри соли 2012 мо ба Маҷлиси вакилони халқ тарҳ пешниҳод кардем. Нашри махсус, ки рӯи даст доред, аз ҳамин тарҳҳост. Он руҷуъе ба  ба таърихи Душанбе -шаҳри 90-солаи ҷавони тоҷикон аст. Ин тарҳ кӯшишест барои роҳбаладии  онҳое, ки имрӯз  дар ин шаҳри ободу пур аз шаҳомат ба сар мебаранд, ба як сафари маҷозии таърихӣ. Ба таърихе, ки ҳам дард дораду ҳам ифтихор ва бештар аз ҳама сабақ».

Нашри махсуси «Нигоҳ» қомуси басо мухтасареро мемонад, ки хонанда бо як дид 90 соли гузаштаро пеши назар меорад. Душанбе чаро ва кай пойтахти Тоҷикистон интихоб шуд ва аз аз он замон то ба имрӯз зарфи ин навад сол чӣ гуна рушд карду тавсеъа ёфт, обод шуд ва аз як рустои кӯчак ба як шаҳри диданиву муносиб барои зиндагӣ ва ифтихори тоҷикону тоҷикистониён табдил ёфт.

Ва шуруъи ин нашр баъди саҳифоти муқаддимотӣ аз 14-уми октябри соли 1924 аст, ки Ҷумҳурии мухтори Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил шуд ва як деҳае иборат аз 42 кулба пойтахти он интихоб гардид.

Ва аввалин намунаҳо аз нашрияи маъруфи «Овози тоҷик», рӯзномаест, ки дар Самарқанд нашр мешуд ва ин нашрия то ба охир барои ташкили давлат барои тоҷикон заҳмат кашид.

«Матраҳ кардани тоҷикон дар «Овози тоҷик» кӯшишҳои бармалои зиёиёни тоҷик ба хотири соҳиби давлат шудан буд»,- менависад «Нигоҳ». Ва агар ба ҳамин саҳифа зеҳн монед сабаби интихоби Душанбе чун пойтахтро аз як матлаби «Овози тоҷик» хоҳед хонд ва дида мешавад, ки зиёиёни кишвар то кадом андоза хушбин буданд ва шаке ба пойтахтшавии як русто надоштанд.

Ва баъд солҳои дигар мурур мешаванд, дар саҳифаҳо шумо бо параҳои копишуда аз нашрияҳои мухталиф вомехӯред ва мехонед, ки як сол баъди эълони пойтахт шудани Душанбе аҳолии он 283 нафарро ташкил медод ва соли 1926 ин теъдод ба 6 ҳазор нафар расиданд, ки афзоиш аз ҳисоби русҳо буд.

Дар бораи ҳаракатҳои ба истилоҳ «босмачигарӣ» дар Тоҷикистон аз иқтибоси нашрияҳои он замон маълумот пайдо мекунед. Ва баъд зина ба зина мо ободии Душанбе, пайдо шудани биноҳои барои ҳар замон муосир ва бо тарҳҳои навро мебинем. Аҳолӣ меафзояд, зиндагӣ маҷрои дигар мегирад. Нашрияҳои нав пайдо мешаванд, ки гоҳ криливу гоҳ порсиву гоҳ лотинӣ аз пеши назари хонанда мегузаранд.

Яъне, Душанбе қадам ба ташаккул меёфт, тағйири алифбо ҳам нишони тамаддуни ҳар даври худ буд.

Солҳои мудҳиши ҷанг, солҳои террори сталинӣ, вале он на террор, балки мубориза бо душманони синфӣ арзёбӣ мешавад, низ бо варақ задании саҳифаҳо аз пеши назар мегузаранд.

Аз саҳифа ба саҳифа бӯи соле ба машом мерасад, соле, ки нумуъ дорад, соле, ки бӯи хун мекунад, соле, ки дам аз истиқлол мезанад ва парчами миллиро боло мебардорад.

Аз саҳифа ба саҳифа аксҳои ҷолиби абармардони таърихи муосирро мебинед, адибони забардасти замон Айниву Турсунзодаву Икромиву Улуғзодаву боз даҳҳо саромадони фарҳанги муосири аз пеши назар мегузаранд. 

Ва на танҳо ин: рушди иқтисоду саноат, маориф ва илмро мебинед, ки дар пойтахт ба кадом сурат аз сол ба соле пеш мерафт. 

Ва боз аз абармардоне ёд мешавад, ки чӣ саҳме дар рушди тамаддуни пойтахт доштанд, аз вуҷудашон, аз хадамоташон ёд мешавад ва ҳамзамон аз рафтану мусибатзада шудани Душанбе аз талафоти гаронмояи неруҳои ақлонӣ низ бо далоили ҳамон солҳо ёд мешавад. 

Наметавон ин 104 саҳифаро якояк бозгӯ кард, наметавон он чӣ таҳиягаронаш тӯли ду ҳафтаи кори шабонарӯзӣ эҳсос карданд, ба қалам овард. Аз сӯи дигар ҳар инсон аз мурур ба «Нигоҳ»-и ҷашнӣ бардошти худро хоҳад дошт. Вале мо танҳо як нуктаро ёдрас мекунем: ин «Нигоҳ» бо вуҷудуи пурбории саҳафоташ шуморо хаста нахоҳад кард. Дидану варақ задани он сайри 90 соли Пойтахти азиз аст.

Нашри махсуси «Нигоҳ»-ро метавонед аз паҳнкунандагони нашрияҳо дар пойтахт ва шаҳрҳои дигари кишвар пурсон шавед.

Шояд шумо суол ё назаре доред?