“Висоли ҳақ”: Таҳияи барнома дар бораи вазъи мазҳабии Тоҷикистон

Шабакаи телевизиони мазҳабии “Висоли ҳақ” эълон кардааст, ки минбаъд барои Тоҷикистон барномаи махсуси мустақим роҳандозӣ хоҳад кард.

Масъулини шабака эълон кардаанд, ки иқдомоти ахири мақомоти Тоҷикистон алайҳи риш ва ҳиҷоб ва дигар масоили мазҳабӣ дар ин кишвар онҳоро водор кардааст, ки барои Тоҷикистон барномаи хосе ба роҳ монанд.

Онҳо эълон кардаанд, ки ҳадаф доранд, бо таҳияи барномае ба номи “Душманӣ бо Ислом дар Тоҷикистон” мавзӯҳои  “душманӣ бо масоҷид”, “душманӣ бо ҳиҷобу сатри исломӣ” ва “душманӣ бо риш ва дигар усулҳои исломӣ”-ро мавриди баррасӣ қарор диҳад.

Масъулини ин шабакаи телевизионӣ барои посух додан ба пурсишҳои мухобони тоҷикаш хати мустақими тамосҳои телефониеро ба роҳ монда ҳафтае панҷ рӯз ба пурсишҳои тоҷикон “фатво” медиҳанд.

Инчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар интернет  низ саҳифаҳои худро бо хатти сирилик таъсис дода, тавонистаанд дар як муддати кӯтоҳ корбарони зиёдеро ба худ ҷалб кунанд.

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ ба TojNews  гуфт, ки “мо масъулини онро намешиносем ва иқдомҳои он дар ҳамоҳангӣ ё ҳамкорӣ бо мо сурат нагирифтаанд”.

Шабакаи “Висоли ҳақ” ба воситаи моҳвора паҳн шуда, дар Тоҷикистон низ тамошо мекунанд. Барномаҳои он бештар ба гуфтугӯҳои мустақим ва суолу ҷавоб бо тамошобинон ихтисос ёфтааст.

Copyright © 2015 TojNews

 

Назарҳо

Ман аз барномахои Висоли Хак доимо тамошо мекунам аз тамоми кули корбаронаш минадорам
Ин шабакаи таблиғи ҷараёни террористии салафия аст! Як шабакаи дигар ҳам бо номи Аҳли байт аст, ки сунниҳоро дашном мекунад. Ин шабакаҳо аз як идора маблағ мегиранд. Таблиғи ин шабакаҳоро накунед. Таблиғи салафия дар Тоҷикистон хиёнат ба Ватан маҳсуб меёбад. Тоҷнюзҷон пахш кун
Рост гуфти, хуб фахмиди, хуб диккат додай
Рост ин шабака шабакаи террористии аст!
РУЯТ СИЁХ ТУ САГРО ! ХАР КАСЕ ЗИДДИ ХИЧОБУ РИШ МУБОРИЗА БОРАД ППШИ РОХИ ОНХОРО ГИРИ САЛАФИ МЕШАВИ! ЧИ КАДАР САГШИАХО МЕХОХАНД БИБАНДАН ИН КАНАЛРО АММО АЗ ДАСТАШОН ХЕЧ ЧИЗ НАМЕОЯД. РАВ ДАФШАВ АЗ ИНЧО САГИ ХАРРОМ.
ФАКАТ ШИЬАЙОН ВА БАЬЗЕ МУСАЛМОНХ КАНАЛХОИ " ВИСОЛИ ХАККУ НУРУ КАЛИМАВУ ТАВХИД"- И, КИ ХАМА КАНАЛХОИ АХЛИ СУННАТ ВА ЧАМОЬАИ МАЗЛУМАНД САЛАФИЮ ГАЙРА МЕГУЯД... БА АЛЛОХ КАСАМ БЕХТАРИН ЧО БАРОИ ОМУХТАНИ ИСЛОМИ ХАКИКИЯНД....БЕХТАРИН ДОНИШГОХХОИ ИСЛОМИ ВОКЕЬИ МЕШАВАД ГУФТ! .....
Ман ҳам якчанд маротиба ин ТВ-ро тамошо кардаам, дар он фақат муллоҳои авғону эронӣ баромад мекунанд, ки ба мазҳаби мо тамоман мувофиқ нест. Аҷиб он аст, ки чаро ин шабака ба қатли ФАРХУНДА барнома ва бо мардуми ваҳшии авғон робитаи мустақим намекунаду бо мо тоҷикон??? Фатвои шуморо гуш кунанд ва ё агар мекарданд мардуми дунё, имруз умуман дар ҷаҳони араб ва байни мусалмон ҷанг намешуд. Кори шумо фақат ҷангандозист! ТоҷНюс ку бинем чоп мекни ё ранги сайти ноозоди озодиӣ?
бародар ОЛИ ЯК БОР АГАР СОЗ ТАМОШО МЕКАРДИ КАРИБ 15 БАРНОМА ФАКАТ МАСЪАЛАИ ФАРХУНДАРО ДАР ИН КАНАЛ БАРРАСИВУ ТАХЛИЛ КАРДА БУДАН....АЗ ХУДО БИТАРСУ СИЁХКОРИ НАКУН!...ХУДАТ ХИЧЧИРО НАМЕФАХМИ ХАМИН ГУНОХАТ КАМ АСТ, БО ДИГАРОНРО АЗ ФАХМИДАНИ ЯК ЧИЗ ДУР КАРДАНИ МЕШАВИ. ТУ ИСЛОМА ХОЛИ НАФАХМИДАЙ... ШУМО БАРИНО НЕ ГАПИ МУЛЛОИ ТОЧИКА МЕФАХМЕНУ МЕГИРЕН НА АФГОНА.....
Ба ХУДО (Ч) касам исломи ростин дар ин ВИСОЛИ ХАК аст.
Висоли хак БЕХТАРИН ШАБАКА АСТ.
Бовари дорм, ки ин шабакаам мисли К+ дар каламрави Точикистон зуд баста мешавад. Пешаи пода чанг андозтен. Алакай бологио мавзуи бахса фахмидан, дига фикри уснша накнен. Бахс парпо намегарда.
Ин канали висол не балки фисол аст
Висоли ҳақ як шабакаӣ ваҳоби аст ки мехоҳа дар тоҷикистон мазҳаби салафиро роиҷ кунад. Висоли ҳақ не балки фисоли ҳақ яне аз дин мардумро дур мекунад.
Ту тоҷик ками диқат кун дар нигоҳҳоят чун шабакаи висол як шабакаи ихтилоф андоз аст ва салафи ҳастанд вақти салафи бихоҳад таблиғ кунад дига мано надорад чун худаш гумроҳ аст.
Салом бародарони аҳли ислом, мо тоҷикон аз шабакаи "Висоли ҳақ" хоҳиш менамоем, ки низоандози байни мусулмонон накунанд. Чунки исломи ҳақ дар Тоҷикистон дида мешавад. Чун дар Сурияву Авғонистон даҳшатҳое, ки дида мешавад аз гушаи имону ислом нест. Ваҳдати мусалмонон фарз аст на низоандози. Бори дигар хоҳиш менамоем, ки чи барномаҳое доред барои давлату кишвари худ созед ба кишварҳои дигар нарасед, зеро муҳтоҷи шумо нестанд. Роҳнамои мо Қуръону Пайғамбар (СС) аст на висоли ҳақ.

Шояд шумо суол ё назаре доред?