ВИДЕО: “Ғайб” задани сабзӣ аз бозорҳои Душанбе

Ҷойи сабзӣ холӣ аст

2 рӯзи истироҳати деҳқонон боиси ғайб задани сабзӣ аз бозорҳои шаҳри Душанбе гардид.

8-уми июл чандин сокинони пойтахт шикоят карданд, ки дар бозорҳои Душанбе азҷумла дар бозори “Шоҳмансур” сабзӣ пайдо карда наметавонанд. Онҳо мегӯянд, ин аҳвол 2 рӯзи ахири баъд аз иди Рамазон давом дорад.

Аммо масъулини бозорҳо мегӯянд, ин аҳвол муваққатӣ буда, бо гуноҳи деҳқонон ба амал омадааст.

Хабарнигори TojNews баъд аз зӯҳри 8-уми июл барои пайдо кардани сабзӣ ба бозори “Шоҳмансур” рафт, аммо баъди ҷустуҷӯи як соата натавонист аз ин бозор ақалан 1 кг сабзӣ пайдо кунанд. Рафҳои сабзавотфурӯшии ин бозор аз картошка, пиёз ва боқӣ маҳсулотҳо пур буд, аммо дар миёни онҳо сабзӣ ба чашм намехӯрд. Ба пурсиши мо фурӯшандагон мегуфтанд сабзӣ надоранд. Баъзе аз фурӯшандаҳо ба мо суроғаи дигар минтақаи бозор нишон дода мегуфтанд, онҷо сабзӣ аст, аммо қимматтар. Тамоми бозорро гаштем, аммо дар ягонҷо сабзӣ набуд.

Масъулини бозор камбуди сабзиро на тасдиқ ва на такзиб мекунанд, аммо мегӯянд, дар пайи ҳалли он ҳастанд.

Сайвалӣ Сабзаев, мудири шуъбаи захираи бозори “Шоҳмансур” мегӯяд, “дар бозори “Шоҳмансур” то имрӯз камбуди сабзӣ нашудааст. “Сабзӣ буд, аммо харидорон як рӯз пеш аз иди Рамазон бисёр харид карданд. Сабзӣ яке аз маҳсулотҳои ниёзи мардум аст. Азбаски имрӯз камтар буданаш то пагоҳ ин мушкилот ҳал мешавад.”

-Ҳамасола ду-се рӯзи баъд аз иди Рамазон мардум барои харид камтар ба бозор меомад, аммо имсол ин баръакс шуд. Инчунин чанд бозори дигари пойтахт кор намекунанд ва мардум бештар ба бозори “Шоҳмансур” омаданд. Бозори мо бозори марказӣ аст ва тамоми ресторанҳо ва маъракаҳо аз бозори мо харид мекунанд. Пагоҳ мо масъалаи камбуди сабзиро ҳал мекунем,-мегӯяд Сайвалӣ Сабзаев.

Яке аз масъулини дигари бозор камбуди сабзиро айби деҳқонон хонда мегӯяд, бо баҳонаи ид онҳо 2 рӯзи ахир ба кор набаромаданд ва ин кор ба “дефитсит”-и сабзӣ дар бозор оварда расонд.  

Харидорон камбуди сабзиро бемасъулиятии масъулини бозор арзёбӣ карда мегӯянд, “айб аст, ки дар бозорҳои марказии Душанбе маҳсулотҳои оддӣ азҷумла сабзӣ камёфт мешаванд.” Феълан нархи 1 кг сабзӣ дар бозорҳои пойтахт то 1,5 сомонӣ қиммат дорад.

Ин бори нахуст нест, ки камбуди сабзӣ ва нархи он дар пойтахт ба чашм мерасад. Қаблан моҳи феврали соли равон Раиси бозори “Саховат”-и пойтахт барои баланд будани нархи сабзӣ аз мақомаш барканор шуда буд.

Моҳи феврал Президент Эмомалӣ Раҳмон аз баланд будани нархи сабзӣ дар бозорҳои пойтахт нигаронӣ кард ва дар пайи он шаҳрдори Душанбе фавран директори бозори “Саховат”-ро озод карда, ба роҳбарони дигар бозорҳо огоҳӣ дод.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?