Вазорати тандурустӣ: Дархосте нашуд, ки ҷасади Умаралиро ташхис кунем

маросими ҷанозаи Умаралӣ дар ноҳияи Файзобод (16.11.2015)

Ҳеч мақомоте ва ашхосе барои ташхиси ҷасади Умаралӣ Назарови панҷмоҳа ба вазорати тандурустӣ дархосте накарда будаанд.

13-уми январ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон гуфтаанд, ки барои ташхиси ҷасади Умаралӣ Назаров ягон дархост нагирифтаанд. Ба гуфтаи масъулини вазорат, “масълаи ташхис кардани ҷасад ба онҳо алоқа надорад ва салоҳдиди дигар ниҳодҳо аст”.

Дар Вазорати тандурустӣ мегӯянд, агар аз онҳо дархост мешуд онҳо ҳатман ҷасади Умаралӣ Назаровро ташхис мекарданд.

16-уми ноябри 2015 вақте ҷасади Умаралии панҷмоҳаро ба Тоҷикистон оварданд, ба пайвандонаш дар Русия гуфтаанд, ки дар Тоҷикистон ҷасадро аз ташхис мегузаронанд. Аммо интизории наздикони Умаралӣ дар фурудгоҳ бенатиҷа анҷмоид, ҷасадро бидуни ташхис дар зодгоҳашон ноҳияи Файзобод ба хок супурданд.

Умаралӣ Назаров, кӯдаки панҷмоҳаи муҳоҷири тоҷик шаби 13-ум ба 14-уми октябри соли гузашта дар дасти пулиси Русия дар Санкт-Петербург фавтида буд.

Мақомоти Русия гуфта буданд, ки ӯ аз вируси шадиди респиратории сироятӣ ба ҳалокат расидаанд. Аммо ташхиси дигарбора муайян кардааст, ки “сабаби марги Умаралӣ Назаров бемориҳои вирусии генерализонванӣ буда, ин асос барои рушди касалиҳои қалбӣ мешавад. Дар органҳои дохилии кӯдак на спирти этил, на маводи нашъаовар ва на доруҳои сахттаъсир ошкор карда нашуд”. Ба натиҷаи ин ташхис  пайвандони кӯдак ризо нестанд. Тибқи ташхиси такрорӣ боз эълон карданд, ки гӯё Умаралӣ аз сирояти вирус фавтидааст.

Аммо падару модараши кӯдаки панҷмоҳаи тоҷик муътақиданд, ки фарзандашон гирифтори беморие набуд. То даме, ки пулис боздошт накард, ҳеч шикояте аз саломатии фарзандашон надоштанд.

Copyright @2015 TojNews 

Шояд шумо суол ё назаре доред?