Вазорати молия аз ӯҳдаи иҷрои баланд бардоштани маоши кормандони буҷавӣ набаромад

Абдусалом Қурбониён, вазири молия

Вазорати молияи Тоҷикистон аз ӯҳдаи иҷрои супориши Президент дар бораи зиёд кардани маоши кормандони соҳаи буҷавӣ, идрорпулии донишҷӯён ва нафақапулӣ набаромад.

26-уми октябр Абдусалом Қурбониён, вазири молияи Тоҷикистон зимни муҳокимаи парламентии иҷрои буҷаи кишвар дар 9 моҳи соли равон гуфт, ки баланд бардоштани маоши кормандони соҳаи буҷавӣ то муддати номуайян ба таваққуф гузошта шудааст.

Сабаби ба таъхир гузоштани боло бурдани маоши кормандони соҳаи буҷавиро вазири молия дар бад шудани вазъи молиявӣ ва иқтисодии кишварҳои шарики Тоҷикистон медонад.

Моҳи январи соли равон Президент Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш ба Маҷлиси Олӣ ваъда дода буд, ки аз моҳи сентябри соли равон маоши кормандони соҳаи буҷавӣ аз 15 то 25 дарсад зиёд карда мешавад.

Ба гуфтаи Президент, бояд маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 15%, маоши кормандони соҳаи иҷтимоӣ аз ҷумла маорифу тандурустӣ, варзиш 20% ва кормандони хона-интернату истироҳатгоҳҳои давлатӣ то 25% бештар мешуд. Инчунин, бояд нафақа то 20% ва идрорпулии донишҷӯён то 30% баланд бардошта мегардид.

Тавре пешбинӣ мешуд, барои амалӣ намудани ин тадбир бояд аз буҷа 1 миллиарду 320 миллион сомонӣ ҷудо мекарданд.

Ин тасмимро кормандони соҳаи буҷавӣ гарм истиқбол карданд, аммо вазорати молия аз ӯҳдаи иҷрои он набаромад. Қабл, аз моҳи сентябр вазорати молия эълон кард, ки дар робита бо буҳрони молиявӣ даромади буҷа коҳиш ёфта, ҳатто пешбинӣ мешавад, ки аз меъёри боло бурдани маоши кормандон 5% кам мекунанд. Он вақт баланд бардоштани маошро то моҳи ноябр ба таъхир гузошта буданд.

Охирон бор моҳи сентябри соли 2013 ҳадди ақали музди меҳнат дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти кишвар 25 фоиз зиёд карда шуда буд.

Copyright @2015 TojNews

Назарҳо

Агар Вазорати Молия аз ухдаи вазифа набаромада бошад бояд вазир ва муовинонаш истеъфо диханд барои хисоботи дуруг ба президент.
Вакте.ки аз ухдаи кор намебароед баъд гунохатонро дар сари дигарон бор мекунед.канд занед ба ин дуругхои суператон чаноби вазир .изофа нависиро баяд камтар аз хама корхоятон мардум бохабар шудааст.
Кор факат ваъдадихи. Аз ухдааш намебароед мардумро интизор накунед бо ваъдахои пучатон. сухани президентро дар назди мардум хамин вазоратхо дар замин мемонанд...
Хами гапхои бехуда ва бесаводона чи лозим. Вазири молия маблаг печат намекунад, балки маблага истехсолот сохибкорон ва заводу фабрикахо ба буча дохил мекунад. Барои чи ба буча даромад кам шуда истодааст? Барои он, ки давлат лачоми харомхурон ва дуздони мансабдоро озод кард,ки чи хел метонед ёбед ва онхо- андоз, корупция, амният, мвд, фсзн, прократура, ва гайра. Хамаи макомотхо ба сари истехсолкунандагону сохибкорон рехтан ва хамма бо таври худ "доля" талаб кард ва гурухи воридкунандагони маблаг ба буча, аз ин кирдор ба дод омада ва шиори нагзаш кор намекунаму асабхоям ором монадро, пеш гирифт. План, ки дар молия буд нашуд, ваъдахо низ буд намешавад. Андоз гарон таможни руз то руз зиёд мешавад, мана ваколатномаи автомобили (довереност) аз 60 сом ба 600 сом расид. Худатон фикр кунед оё мо ин кадар асабхоямонро хароб карда барои кисаи дигарон кор кунем. Ман низ истехсолчи ва сохибкор хастам. Фаъолияти кориамро, то сари рохи ин гургони гушна баста нашавад, ба пураги бас кардам. Ана гап дар кучо. Вазир, друг, изофанависи президентба ваъдаи друг ва хоказо. Агар нафахмед хап шинед хубтар. Пистаи бемагз агар лаб во кунад, расво шавад.
Дехоти , ин суханоятро одамон 10сол пеш медонистанд. Президент проста так намега маошро мебардорам. Пеш аз оне ки гап сари маошро бардоштан меравад, Президент хамаи хиботхоро аз назар мегузаронад, Хисобу хасад мекунад баъдан маошро мебардорад. Вакте маош баланд нашуд Вазорат гуфт пул намерасад ин маънои онро дорад ки вазорат ба Президент то маошро бардоштан хисоботи дуруг медодааст.
Охир ҳамин вазирай, сохтмончӣ!
Ин гуфтахо, ки гуё маоши баланд бардошта мешавад, ваъдахои интихоботи буд. Гумон аст, ки оянда хам дар соли нав баланд бардоранд. Маошро баланд не бояд нархро нигох дошт, ки баланд нашавад. Пас барои чи донишгоххо нархи шартномаро 10 фоизи баланд бардоштанд?!
охир мо и кадар андоз месупорем кучо мешавад?мисол як оби ошомидани ки хеч харочот надора давлат аз мо андоз меситонад . дар ончо на мотору на насосу на филтру ягон чи нест.ях об шуда омада истодааст аз кух...акалан нафакахурода рахм кунед...мо мерем да хорич кор мекунем меоем да шумо андоз месупорем...як фикр кунед то газаби худо бар саратон наояд..

Шояд шумо суол ё назаре доред?