Вазорати фарҳанг: Бидуни санад аз ҳуқуқи муаллифии Нигина Амонқулова ҳимоят карда наметавонем

Овозхон Нигина Амонқулова ба Вазорати фарҳанг телефонӣ муроҷиат кардааст, ки барои дифоъ аз ҳуқуқҳои муаллифии ӯ ҳимоят кунанд. Аммо вазорат мегӯяд, ки ӯ санаде надорад, ки тибқи он аз ҳуқуқҳояш ҳимоят кунем.

Сухан дар бораи таронаи "Дар оғӯши ту мемирам" меравад, ки оҳанги Тобиш Ҳилолӣ буда онро Нигина Амонқулова сароидааст. Овозхони эронӣ Алии Зореъӣ, мулаққаб ба Оршовин бидуни иҷозаи онҳо таронаи "Дар оғӯши ту мемирам"- ро на фақат хонда, балки номи муаллифони матну оҳангро ҳам тағйир додааст. Тобиш Ҳилолӣ ва Нигина Амонқулова ба расонаҳо гуфтанд, ки мехоҳанд Оршовинро ба додгоҳ кашанд.

Аммо дар вазорати фарҳанг мегӯянд, ки овозхонҳои Тоҷикистон дар баҳсҳои судӣ аз ҳуқуқҳои муалифии худ дифоъ карда наметавонанд. Зеро аксари оҳангҳо ва матнҳо бидуни санади муаллифӣ, яъне суруду оҳангҳо бидуни атвори мусиқӣ таҳия шудаанд.

Ибодулло Машрабов, муовини аввали вазири фарҳанг мегӯяд, ки “Нигина Амонқуллова ду бор тариқи телефон ба ман муроҷиат кард. Аз бону Амонқулова пурсидам, ки суруд ва оҳанг санад, яъне нотаи коркарди оҳангсозӣ доранд? Гуфт, на. Гуфтам вақте суруд расман ба номи Шумо ва Тобиш Ҳилолӣ, ки санад нашуда бошад, пас бо кадом далел ба суд муроҷиат мекунед?”.

Муовини аввали вазири фарҳанг мегӯяд, ки Вазорати фарҳанг омода аст, ки дар чунин ҳолатҳо аз ҳуқуқҳои муаллифӣ дифоъ кунад, вале бояд овозхонҳои мо санадҳои заруриро, ки талаботи мусиқӣ аст, дошта бошанд.

Ибодулло Машрабов ба овозхон Нигина Амонқулова зарур будани кадом санадҳоро фаҳмондааст, аммо то ҳол ба вазорат нотаи оҳанги суруд нарасидааст. “Барои ҳамин ҳар як овозхон ё оҳангсоз вақте тасмими аз ҳуқуқҳои худ дифоъ кардан дорад, бояд ки санад дошта бошад, ки суруд ё оҳанг аз эҷодиётӣ ӯст”,- иброз дошт Ибодулло Машрабов.

Вазорати фарҳанги кишвар мегӯяд, ки баҳсе, ки ҳамеша рӯ мехезад оид ба дуздии асарҳо ва оҳангҳо аст. Аммо, вазорати фарҳанг бидуни санади номнависшудаи ин ё он асар ё оҳангу суруд салоҳияти баррасӣ кардани муроҷиатҳоро надорад.

Муаллифи матни таронаи "Дар оғӯши ту мемирам" Мирзоҳусайни Бадалипур, мутахаллис ба Меҳрвар аст ва бо он сароянда Тобиш Ҳилолӣ оҳанг бастааст. Аммо Оршовин матни сурудро аз Ойсон Ибодӣ ва оҳангашро аз Фарзод Адҳамӣ муаррифӣ кардааст.

Овозхони эронӣ, ки барои “дуздӣ” – и таронаи “Дар оғӯши ту мемирам” – и Нигина Амонқулова муттаҳам мешашавад, қаблан тайи як тамоси катбӣ тариқи интернет ба TojNews гуфт, ин таронаро яке аз дӯстони эрониаш ба ӯ тақдим карда, огоҳ накардааст, ки оҳангу шеър ба кӣ тааллуқ дорад. Вай мегӯяд, қабл аз ин ки оҳангро бихонад, намедонист, ки оҳанги хонуми Нигина мебошад, аммо пас аз он ки оҳанг мунташир шуд, фаҳмид, ки ин оҳанг тоҷикӣ буда ва хонуми Нигина онро хондааст. Аз Нигина Амонқулова узрхоҳӣ карда буд.

Зимнан, он чӣ дар ин тарона аз Эрон аст, мисраи аввал - “Дар оғӯши ту мемирам” аст, ки ба шоири маъруф Нодири Нодирпур тааллуқ дорад ва шоири тоҷикро таҳрик додааст. Ин, ки мисраъи аввали ин шеър ба шоири эронӣ тааллуқ дорад, низ нав ошкор мешавад.

Ин бори нахуст нест, ки баҳси “аз ману аз ту” миёни овозхонони тоҷик ва эрониву афғон ба миён меояд. Соли гузашта миёни Баҳром Ғафурӣ ва Валӣ, овозхони афғон сари ду тарона баҳси муаллифӣ ба миён омад. Валӣ таронаҳои “Дар ин замона” ва “Ҳамсоядухтар” – ро бозхонӣ карда, бидуни ҳеҷ навоварӣ онҳоро ба худ мутааллиқ донист. Валӣ маъзартхоҳӣ кард.

Соле пештар нафароне хостори ба додгоҳ кашида шудани Моҳира Асалхӯҷаева, овозхони ӯзбакистонӣ барои бозхонии таронаи “Наравад” – и Шабнами Сурайё шуда буданд.

Солҳои охир чунин маворид зиёд иттифоқ меафтад, ки ҳатто ба “дуздидан” - и сенарияи клипҳо овозхонон муттаҳам мешаванд. Ва коршиносон инро ҳам зикр мекунанд, мардуми минтақаи мо фарҳанги хеле наздик ва ҳатто муштарак доранд ва тайи таърих даҳҳо таронаву оҳанг аз ин ба ин халқ интиқол ёфта, “худӣ” шудаанд. Ба қавли онҳо, ҳоло низ ҳамон раванд идома дорад, аммо асри фанновариҳои нав воқеиятҳои худро дорад.

Таронаи Нигина Амонқулова:

 

 

Таронаи Оршовин:

 

 

Copyright © 2015 TojNews

Назарҳо

Рости гапа гуем, овозхони эрони таронаро нисбат ба Амонкулова хеле хубтар месарояд.
Аз Ибодулло Машрабов хохиш хамин, ки агар боз як маротиба Нигина Амонкулова оиди хамин масъала мурочиат намояд фахмонед, ки хукукхои муалифии хофизони классикаи точик ба мисли Барно Исокова, Мехри исокбоева, Шоиста Муллочонова, ки сурудхояшонро ту шарм накарда руирост дуздида сароиди ва худатро машхур карди, ба шунавандагони насли имруза хамчун моли худат муаррифи намуди ки бояд химоят кунад. Оё ту тайёри барои ин кирдорат дар назди конунгузори чавоб дихи.

Шояд шумо суол ё назаре доред?