Вазифаи нави Бег Сабур дар Федератсияи бокси Тоҷикистон

Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқа, қудои Президент Эмомалӣ Раҳмон раиси Федератсияи бокси Тоҷикистон интихоб шуд.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, 7-уми декабр дар конфронси Федератсияи бокс Бег Сабур дар ин вазифа Бобоҷон Маҳмадрасуловро иваз кардааст. Бобоҷон Маҳмадрасулов котиби кулли Федератсияи мазкур интихоб шудааст.

Бег Сабур 53 сол дошта, қудои Президент Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар гузашта дар вазифаҳои муовини вазири алоқа, муовини якуми вазири нақлиёт ва коммуникатсия кор кардааст. Ҳоло раҳбари Хадамоти алоқа мебошад.

Соҳиби чаҳор писар мебошад, фарзанди дуюмаш Сиёвуш аз муштзанҳои касбӣ дар кишвар мебошад.

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?