Вашингтон маблағгузории Русияро аз тариқи Сандуқи байналмилали пул ва Бонки ҷаҳонӣ масдуд кард

Намояндаи расмии ВКХ Русия Мария Захарова хабар дод, ки Вашингтон бо ирсоли дастур ба намояндагиҳои Сандуқи байналмилалии пул ва Бонки умумиҷаҳонӣ талаб кардааст, ки ҳамаи барномаҳои маблағгузории Русияро масдуд кунанд. 

Захарова, ки ахиран дар як брифинг дар Маскав суҳбат мекард, гуфта, ки ин гуна дастурҳоро намояндагиҳои амрикоӣ ва дигар муассисҳои молиявии бисёрҷониба дастрас кардаанд. 

Мария Захарова ҳамчунин гуфтааст, ки ин ҷо сухан танҳо аз он меравад, ки ба барномаҳои барои Русия ҷудошуда монеъа эҷод карда шавад. 

Намояндаи вазорати умури хориҷии Русия эълон доштааст, ки ҳоло дар равобити Русияву ИМА хабари хуше нест ва ҳамзамон Вашингтонро ба вайрон намудани муносибатҳои дуҷониба айбдор кардааст.

Вай гуфтааст, ки қариб ҳар рӯз таҳдидҳои афзудан ба таҳримҳо ва даъват аз ҷомеаи ҷаҳонӣ барои пайравӣ аз ин роҳ шунида мешавад. 

Мария Зазарова ҳамчунин гуфтааст, ки ИМА пинҳон намедорад, ки ҳадафи сиёсати таҳримҳо расонидани зарар ба иқтисодиёти Русия аст. 

Намояндаи ваколатдори умури хориҷии Русия маълумот дар бораи хакерҳои рус-ро, ки ахиран паҳн шуд, дурӯғ хондааст ва гуфтааст, ки ҳоло Амрико дар симои Русия душманро мебинад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Маскав мегӯяд аз соли 2003 баинчониб аз Сандуқи байналмилалии пул қарз намегирад.

Шояд шумо суол ё назаре доред?