Варзишкорони навраси тоҷик аз Олмон бо 5 медал баргаштанд

Сироҷиддин Кароматов, барандаи медали нуқра, дар ҷойи дуюм

Варзишкорони навраси тоҷик дар мусобиқоти кушоди Аврупо оид ба Кёкушинкан карате 5 медал ба даст овардаанд.

Бино ба иттилои Неъматулло Акбаров, котиби генералии Федератсияи Кёкушинкан каратэ-дои Тоҷикистон, дар мусобиқоти мазкур аз Тоҷикистон 7 варзишкор ширкат дошт.

Мусобиқаи кушоди Аврупо оид ба кёкушинкан карате байни кӯдакон ва наврасон  (Kyokushinkan - European championship for children and youth "Eurokan Junior 2016" 19-уми март дар шаҳри Берлини Олмон баргузор шуд. Дар он 222 варзишгар аз 13 кишвари ҷаҳон (Австрия, Руминия, Сербия, Эстония, Лаҳистон, Исроил, Тоҷикистон, Белорус, Арманистон, Украина, Булғористон, Руссия ва Олмон) ширкат доштанд.

Дар сабқати наврасон Сироҷиддин Кароматов (вазни -65 кг) барандаи медали нуқра ва Сафаров Ёқубҷон (-75 кг),  Сорбони Субҳон (65 кг),  Мансури Давлатқадам (-60 кг), Раҳмонов Темур (+55 кг) сазовори медалҳои биринҷӣ шуданд.

Copyright @2016 TojNews  

Шояд шумо суол ё назаре доред?