Ванҷ: Шеваҳои роҳбарӣ дар ҳолатҳои фавқулоддаро тамрин мекунанд

Дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ санҷиши ҳолати омодагии мудофиаи гражданӣ, системаи ягонаи давлатӣ оид ба пешгириӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода идома дорад.

Бино ба иттилои Умеда Юсупова, масъули дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ин чорабинӣ қаблан тарҳрезишуда аст ва қарор аст вақтҳои оянда дар чандин навоҳии кишвар роҳандозӣ шавад. 

Дар заминаи санҷиш кормандони Кумита дар ноҳияи Ванҷ гузаронидани машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар мавзўи «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои мудофиаи граждании ноҳия ҳангоми боридани боронҳои пай дар пай, омадани сел ва зери хавф қарор гирифтани ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ноҳия» миёни аҳолии ноҳия тамрин мешавад.

Дар чорабиниҳои мазкур, ки қарор аст то 14-уми май идома кунад,  мутахассиони соҳаи мудофиаи граждании вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва ноҳия ҷалб гардиданд.

Бино ба гуфтаи манбаъ мақсад аз баргузории чорабинии мазкур ин пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи омодагии тамоми қишрҳои аҳолии ноҳия дар пешгирӣ ва рафъи ҳодисаҳои фавқулода мебошад.

Ин гуна чорабинӣ аз 18 то 22 апрели соли равон дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд гузашта буд.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?