Валвала ва фошкории Ашан

20 рӯзи кории як тарҳ бо намояндагӣ аз фарҳанги иктисодии аврупоӣ  тамоми заъфҳои идораи давлатии иқтисод дар Тоҷикистонро фош сохт. Дар ин миён Иди Рамазон ҳам омаду нархҳо дар “Ашан” ва берун аз он ба бозӣ даромада, ба мардуми кишвар “месиҷ” доданд: ҳукумат дигар ҳич чизро контрол намекунад, ҳатто чандсад бозоршину савдогари пойтахтро...

Рафҳои холӣ ва “нархҳои нав”

Ба «Ашан» бегоҳ рафтам.  Пеш аз шом, ҳарчанд ҳанӯз ҳам харидорон зиёданд, ба ҳар сурат ба он ворид шудан бемалолтар буд. Нархи арзонтари чандин номгӯи маҳсулот ва овозаҳо ҳамоно мардумро ба ин маҷмааи хушсохт мекашанд. Овеза ва эълонномаҳо инҷо за забони ғайридавлатиянд. Нахустинаш дар девори рост насб шудаааст: “Вход”. Он ҳам бо худкор навишта шудааст.

Вориди маҷмаа  шуда, метавон мушоҳида кард, ки мизоҷон  инҷо маъмулан барои хариди хӯрока меоянд. Назди рафҳои ғизофурӯшӣ таҷамуи бештари мизоҷон мушоҳида мешавад. Дуконҳои дигар, ё намоиши мусаввараҳои рассомон, ки дар ошёнаи дуюм ҷой гирифтааст, фақат барои тамошоянд гӯё.

Аксари рафҳои гипермаркет аллакай холиянд. Барои нони машҳури фаронсавӣ «багет», ки дар ҳамин ҷо омода мешавад, навбат ҳанӯз зиёд аст. “Багет”-и 250 -граммӣ ҳамоно 1 сомонӣ қимат дорад. Баръакси нони “Шоҳона”-и 350 грамма бо нархи 3,5 сомонӣ. Нархҳои чанде аз навъи маҳсулотро ёддошт кардам:

Гӯшти мурғ, истеҳсоли Хуҷанд  21,4 сомонӣ/кг;

Равғани морки “Каждый день”, ки мутаалиқ ба худи “Ашан” аст – 13, 12 сомонӣ/литр;

9 дона тухми “Тарз” - 6,99 сомонӣ;

Афшурдаи помидор “Каждый день” 12 сомонӣ/2 литр;

Равғари маска аз “Шири Душанбе”- 8,3 сомонӣ/ 200 грамм;

“Шири Душанбе”- 5,98 смонӣ/литр

Биринҷ – 41, 11 сомонӣ/ 5 кг;

Гречка 34 сомонӣ/кг

Қиём аз маҳсулоти ширдор, ё  “сгущенка”-и морки “АКМ”, 370 грамм - 6,35с;

“Арси кола”- 5, 79 смонӣ/ 1,5 литр;

“Оби зулол”-2, 48 сомонӣ/1,5 литр.

Шакаре, ки рӯзи ифтитоҳ  5,5 сомонӣ/кг нарх доштааст, акнун 6,79 сомонӣ нарх дорад. Истеҳсоли Озарбойҷон. “Ба як харидор аз 50 кг зиёд намедиҳем” ҳамоно навиштаҷоте ҳаст дар  рафи шакарфурӯшӣ. Аммо ягон харидор дар тиули ним соат назди шакар наомад.  Ба ҷуз аз “багет” ва равғани маска кулли ин маҳсулот дар мағозаи ҳамсоягии “Нигоҳ”, дар кӯчаи Лоиқ Шералии пойтахт  арзонтар аст.

Шабакаи фурӯшгоҳҳои «АШАН» ё дурусттараш дар тамоми дунё бо нархи нисбатан арзонаш маъруф аст. Ба Душанбе он тавассути роҳбарияти «Тоҷиксодиротбонк» омад. Ин нахустин гипермаркет дар шаҳри Душанбе буда, дар паҳлӯи бинои асосии “Тоҷиксодиротбонк” ва наздикии бозори “Шоҳмансур” ҷойгир аст. Ин фурӯшгоҳ бояд моҳи март дар ҷашни Наврӯз ба фаъолият шуруъ мекард, аммо бо сабаби мушкилотҳои молӣ он ба таъхир афтод. Дар маросими ифтитоҳи он Президент Эмомалӣ Раҳмон ширкат дошт.

Брэнди фаронсавӣ, ки барои хизматрасонӣ ба табақаи миёнаи аҳолӣ мекунад, ҳатто тасавур намекард, ки дар Душанбе онро баъд аз Эмомалӣ Раҳмон тамоми шаҳр яку якбора «пешвоз» хоҳад гирифт.  Рӯзҳои аввал навбати харидорон то ҳадде зиёд будааст, ки фақат чолоктаринҳо аз издиҳом вориди гипермаркет шуда тавонистаанд. Харидороне ҳам буданд, ки шакарро бо линга мехариданд.  Пас чаро чунин шуд? Молҳои овардаи ин ширкат барои се ҳафта нарасид?

Нокаути “Ашан”

 Баъд аз шӯру валвалаи беш аз дуҳафтаина  дар маркази тиҷоратии «Ашан» масъулини ин гиппермаркети урупоӣ, ки ҳар як қадами маъмуронаш ҳисобшуда аст,  даступохӯрда менамоянд. Акнун рафҳои ин маҷмааи бузург нимахолиянду нархҳои маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, ба чанд истисно аз мағозаҳои назди хонаҳои мову шумо тақрибан фарқ намекунанд. Фаршҳои ошёнаи аввал чиркин ба назар мерасанду  масъулин барои пешгирӣ аз дуздии молҳо, ба «реҷа»-и махсуси хизматрасонӣ гузаштаанд.

Посбонҳо акнун муштариёни “Ашан”-ро пеш аз ворид шудан ба мағоза маҷбур мекунанд, то ҷузвдону борхалтаашонро бо скотч печонда, пулҳояшон дар даст бигиранд. Рӯзи сешанбе, ки пеш аз чопи матлаб дубора ба онҷо омадам, аз ин таҷриба дигар кор гирифта немешуд. Шояд баъди хабари банда дар Тоҷнюс? Дақиқ намешавад гуфт. Муҳим низ нест.

 Масъулини «Ашан» мегӯянд, ҳар рӯз кам ё бештар аз 100 (сад) номгӯи молу маҳсулот аз ин ҷо дуздида мешавад, аз ин хотир, «безарар» кардани борхалтаҳои мизоҷон осонтар аст, то пушти ҳар мизоҷ поида гарданд. Камераҳои назоратӣ ҳам натавонистаанд, пеши роҳи дуздиро бигиранд. Бояд гуфт, ин таҷриба танҳо хоси Тоҷикистон набуда, “Ашан” аз он дар дигар мамолик низ истифода мебурдааст. Сахт мехостам аз раҳбарияти “Ашан” қиссаи гароншавии нархи шакарро фаҳмам, аммо мутаасифона, касе аз онҳо дастрас набуд. Пас аз коршиносон хоҳам пурсид. Сабаби нархҳои гарон дар мағозаву бозорҳо чист? Чаро нархи маҳсулоти ватанӣ ҳам беист боло меравад? Наход танҳо иди Рамазон сабаб шуда бошад?  Чаро нархи шакари “Ашан”23 %  боло рафт?  Чаро кӯшишҳои ҳукумат ва хоса шаҳрдории Душанбе натиҷаи мусбат намедиҳанд?  Суолҳое матраҳ, ки ҷомеа ба онҳо посух меҷӯяд. Коршиноси масоили иқтисодӣ Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳамадиён ба онҳо чунин ҷавоб дод:

 

Чӣ тавр дум сагро меҷунбонад?

 Чанд рӯз пеш аз Иди Рамазмон нархҳо боло рафтанд. Як рӯз пеш аз ид, нархҳоро дар бозори “Деҳқон”  бо кӯмаки сармуҳаррир Фаридун Раҳнавард ёддошт кардам: Себ - 18-25 сомонӣ, шафтолу 18-23 сомонӣ, ангури пешпазак -18-20 сомонӣ, тарбуз дар умдафурӯшон - аз 12 сомони, шакар -7,2 сомонӣ/кг….

 Ӯ мегӯяд, тақрибан ҳар харидор парешонҳол аст.  Ҳар нафари дувум ба шиддат эътироз мекунад. Ҳақорату дашном ҳам шунида мешавад.  Савдогарон ба талаби масъулини бозор гӯш намедодаанд.  Тақрибан ҳар чорум харидор мусулмонии савдогару масъулони бозорро зери суол  мебарадд.
Инак ид гузашт. Он шуру ғавғо ҳам паси сар шуд. Нархи сабзавоту мева то ҷое поён рафт. Аммо ҳамоно барои аксарият дандоншикананд. Сабаби ин ҳама чист? Оё динро бо ин ҳама коре ҳаст?

Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён мегӯяд, “на Ислому на динҳои дигарро касе масъули нарху наво дар Тоҷикистон накардааст. Масъулияти идораи нарху наво ҳамеша ва дар ҳама низомҳо бар души давлату ҳукумат буд ва хоҳад монд.
Сабаби гаронии нархҳо таркиби бозори ғизои Тоҷикистон ва камсалоҳиятии идораи давлатии он аст. Бахшҳои гуногуни бозори ғизои Тоҷикистон хусусияти олигополӣ ва инҳисорӣ доранд, яъне ё дар зери контроли якчанд сохторанд ё ҳатто як кас.

 Ин таркиби бозор, ки сохтаи худи ҳукумати кишвар асту ҳамон думест, ки сагро меҷунбонад. Дар мисоли бозори шакар мешавад ин иддиоро собит кард. Механизми ташаккули нархи шакар дар кишвари мо чунин аст:

Солона кишвари мо ба 100-110 ҳазор тонна шакар ниёз дорад. Мо баръакси қирғизҳо истеҳсоли шакар надорем. Яъне 100 % моли воридотӣ аст. Ин бозор зери назорати арабҳо, эрониҳо ва афғонҳост (дасти якум), ки ёрони тоҷикистонӣ (дасти дуюм) доранд. Дасти якум, ки ҳамагӣ чанд нафаранд, борро барои дасти дувум, 3-4 ширкати тоҷикистонӣ бо нархи “қимати мол дар биржа + 15-25 % фоида” таҳвил медиҳанд.

 Дасти дуюм ба ин шарт розӣ мешавад, зеро бозорро аз нигоҳи маъмурӣ инҳисорӣ ҳам карда бошанд, тавони хариди 20-25 ҳазор тонна шакарро ба як бор надоранду маъмулан 50-70 % пули як партия (2-5 ҳазор тонна) борро пардохт мекунанд. Онҳо назди миллату давлат масъулият надоранд ва нахоҳанд дошт, чун тоҷиранд. Бо гумрук муносибати хоса доранд. Аниқтараш гумрук маҷбур аст бо онҳо муросо кунад, чун хеле қавианд. Аз оилаҳои сарватмандтарин.  

Бахши аъзами пулро онҳо аз ҳисоби дасти сеюм- умдафурӯшони бузург ва миёна ҷамъ меоранду бо фоидаи 15-20 %-а ба онҳо мефурӯшанд. Инҳо тақрибан 20 соҳибкору ширкатанд, ки анбордорони бузург низ ҳастанд. Миёни онҳо ду сохтори супермаркетдор ҳам ҳаст.

Дасти сеюм борро харида, вобаста ба “мавсим”, ки онро тақрибан ҳамеша “дасти якум” таъин мекунад, бо фоидаи 15-25 % ба дасти умдафурӯшони хурд (дасти чорум) медиҳад. Умдафурӯшони хурду миёна, ки дар “Фаровон”-у “Садбарг” мешинанд, барои як ҷой аз 10 то 30 ҳазор доллар пардохт кардаанду наметавонанд, тиҷорат накунанд. Мову шумо шакарро бо фоидаи 10-20 %-а аз дасти панҷуму шашум мехарем. Он ҳам шакари намдоркардашуда ё  аз “тарозу зада” ва гоҳе ҳам бо ину ҳам бо он.

 Шакаре, ки “Ашан” ворид кард, бори бозигарони озарбойҷонии бозори шакар - бори дасти дувум аст. Онҳо аз манфиатбардорони “Ашан” мебошанд, ки намехоҳанд ному нақшашон рӯ занад. Барои ҳамин бо фоидаи 25 %-а ҳам нархи шакари онҳо 5,5 сомонӣ буда метавонад.

 Ҳамин аст ҳикояти бозори шакар, ки боиси шуру валвала гашта, таркиби бозори ғизо ва заъфи идораи давлатӣ дар ин бахшро фош кард.

  Маъмурини “Ашан” маҷбур буданд, шакарро аз бозори дохилӣ бо нархи наздик ба бозор ба фурӯш бароранд. Ин аст, ки нархи онҳо 6, 79 сомонӣ шудааст.Ин амал ё иштибоҳ аст, ё амали дониста. Мутмаинам, ки ин фошкории шакар, билахира тақдири “Ашан”-ро ҳал хоҳад кард: ё ин сохтор қоидаҳои маъмули мафияи шакарфурӯшро риоя мекунад ё ба муқовимати калон сару кор хоҳад дошт.

  Аҳвол тақрибан дар ҳар бахши бозори ғизои Тоҷикистон ҳамин аст. Яъне бозори равған, гӯшти мурғ, ҳасибчаҳои мурғӣ, орд, биринҷ ва ҳатто “роллтон”-у хамиртуруши эронӣ инҳисоришудаанд. Дар Шимоли кишвар вазъ каме дигар аст. Онҷо рақобат зиёдтар аст, барои ҳамин нархҳо фарқ мекунанду душанбегиҳоро ба ҳайрат меоранд.  

 Воқеъан, сиёсати нодурусти боҷситониву пардохтҳои гумрукӣ низ дар гарон будани нархҳо нақш дорад, аммо на сарвазир Қоҳир Расулзода, на мири шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев,  на вазирону руасои дигар тавони муқобилат ба бозингарони бозорҳои инҳисоришударо дигар надоранд. Ин мушкили сатҳи миллист ва онро танҳо президент Эмомалӣ Раҳмон метавонад ҳал кунад.

  Агар президент хоҳад, баррасиҳои ҷамъиятии ин масоил дар расонаҳои давлативу хусусӣ роҳандозӣ шуда, абзори маъмуриву бозории он дар чанд ҳафта рушан мешавад. Агар на, нархи ин гуна маҳсулот боло хоҳад рафт, ки поён на”.

 

Нилуфари Карим  

 

 

Назарҳо

Арзиши махсулотхо гарон аст, пас он хама гуфтахову таърифхо бофта будаанд.
Ахсант ба Шумо Нилуфари Карим! Фошкории дигар бахшхои бозори ғизои Тоҷикистонро, яъне бозори равған, орду биринч ва гӯшти мурғ ва хоказоро хатман кардан лозим аст. Агар пайваста чунин маълумот барои дониши мардум ирсол гардад хукуки худро хифз карда метавонем. Маълум аст ки ин хамма тичорат дар дасти кист, хар руз пайваста ба руи ин муттахамони миллат бояд бо факту ракам зад! Хуб аст ки чунини маълумотро дар бахсу машваратхои таъмини бехатарии озукавории милли кушоду равшан гап занем. Рохбари миллат вонамуд мекунад, гуиё гамхори миллат бошад, лекин чигарбандонаш мардумро бо дасти дувуму, сувуму, чоррум тачовуз карданд..
АШАН хамаи чиз нархи бозор аст дустон. Ягон чиз арзон нест. Аввал нархҳояш хело фарқ дошт аммо ҳоло бошад нарҳояшон гарон шудаанд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?