Усмон Сабзов ва 25 каси дигар аз Иттифоқи нависандагон хориҷ карда шуданд

Усмон Сабзов

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо баргузории як ҷаласа 26 нафар, аз ҷумла Усмон Сабзов, раиси собиқи ноҳияи Ҳисорро аз узвияти ин созмон хориҷ кард.

Гуфта мешавад, ин иқдом дар пайи таъсиси комиссияи махсусе, ки осори ин нафаронро санҷида, барои узвият дар созмон ғайрисазовор арзёбӣ кард, сурат гирифтааст.   

Бино ба иттилои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ин иқдом ба хотири иҷрои банди 25-уми Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 8-уми апрели соли 2016 дар бораи омӯзишу таҳлили маҳсули эҷодӣ ва арзёбии сатҳи касбии аъзои ИНТ амалӣ гашта, натиҷаи кори комиссияест, ки бо ин мақсад ташкил шуда буд.

Комиссия хулоса кардааст, ки осори ин нафарон бе омӯзиши ҷиддӣ нашр шуда, солҳои 2014-2015 ба таври дастаҷамъӣ ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шуда буданд.

Дар натиҷаи овоздиҳии якдилона Абдуҳалим Самадзода (Самадов Абдуҳалим Каримович), Усмони Сабз (Сабзов Усмон Раҳмонович), Самариддин (Яқубов Самариддин Эмомович, Наргис (Эшонҷонова Қурбоной Давлатовна), Ҷумъаи Махшул, Зикруллои Файзулло, Мирзоҳайдар Умарзод, Сумангул Бобоева, Наврӯзи Гулзода, Кулолӣ (Ҳаитбой Лоиқов), Эгамназари Соҳибназар, Субҳон Ёдгорӣ, Ваҳҳоб Набиев, Саидҷалоли Саид, Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад, Муфаззали Аҷамрод, Файзулло Эшонҷон, Ширин Абдулло, Анвари Ҳусейн, Абдуқаҳҳори Қосим, Ҳазрати Ғайрат, Гулназар Хизмат, Гулназари Хатлонӣ (Бӯрӣ Гулназаров), Абдураҳим Муталзоди Фархорӣ (Давлатов Абдураҳим Муталович), Маликаи Аваз (Авазова Малика Ҷондоровна), Нуралӣ Валӣ ва Дӯстмурод Ӯроқов аз узвияти ИНТ хориҷ шуданд.

Феълан кори комиссияи омӯзишу таҳлили маҳсули эҷодӣ ва арзёбии сатҳи касбии аъзои ИНТ давом дорад, аз ин рӯ ихроҷи дигарон аз ИНТ истисно нест, -қайд мекунад манбаъ.

Назарҳо

Аьзои ҳакикии ИН агар Низом Косим бошад,ба рухи ин иттифок фотиха хонед.Гар хочаи мо Хоча Хасан хохад буд.Моро на чуволу на расан хохад буд.Як хушомадгуи робот аст.
Оббо, акнун такдири дачае, ки Усмон Сабзов дар замони раиси нохияи Хисор буданаш ба ИНТ дода буд, чи мешавад? Дачаро гирифта уро аз Иттифок берун карданд-ку! О чаро, Мехмон Бахти, Гулназар, Абдухамид САмадв а дигар нафакахуронро ихроч ё ба нафака гусел намекунед, мухтарам Низом Косим!
Хайф шуд Сабзов. Бисер нависандаи хушсалика буд, сабки нотакрор дошт. Умед дорем, ки гарчанде ки аз Иттифок ронда шуда бошад хам, чидду чахдашро дар адабиет давом хохад дод.

Шояд шумо суол ё назаре доред?