Убайдуллоев: Пасандоз кардан бо пули миллӣ патриотизм аст

Бо пули миллӣ пасандоз кардани маблағҳо дастгирӣ аз рушди кишвар ва патриотизм мебошад.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ ҳангоми тасдиқи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ гуфт, ҳар як фарди ватандӯст имрӯз долларҳояшро бо сомонӣ иваз кунад ва пасандозашро бо пули миллӣ нигоҳ дорад.

Ба қавли Раиси Маҷлиси миллӣ, дар дунё ягон давлате нест, ки пули миллии худро ҳифз накунад.

-Дар дунё ягон давлате нест, ки пули миллӣ худро ҳифз накунад. Тасаввур кунед, ки он сахтгириҳое, ки се-чор моҳ пеш ҷорӣ намешуд, пули милли мо чӣ мешуд? Дар ягон давлатӣ дунё ба ғайр аз пули милли, дигар асъорро қабул намекунанд. Аммо дар мо чӣ вазъият буд се чор моҳ пеш?”

5-уми май Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии Парлумон тағйиротҳои нав ба Кодекси ҷиноятиро тасдиқ намуд, ки  барои муомилаи ғайриқонунии асъори хориҷӣ аз 4 то 9 соли ҳабс пешбинӣ кардааст.

Тағйирот ба Кодекси ҷиноятӣ дар бораи харидуфурӯши ғайриқонунии асъори хориҷӣ 9-уми март аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул гардида буд.

Тибқи тағйироти нав ҳамчунин шахсони воқеӣ, ки ба муомилаи ғайриқонунии асъори хориҷӣ даст мезананд, то 4 ҳазор сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд. Агар ин амал аз ҷониби шахсони мансабдор сар занад, пас онҳо аз 4 то 8 ҳазор ва шахсони ҳуқуқӣ аз 12 то 24 ҳазор сомонӣ ҷарима мешаванд. Ҳамчунин, минбаъд ҳар шахсе ки ба мубодилаи ғайриқонунии асъор даст мезанад, ҳамаи маблағҳояш мусодира хоҳанд шуд.

Қаблан, барои харидуфурӯши ғайриқонунӣ 5 сол ҳабс таҳдид мекард.

Тибқи омори БМТ, соли гузашта қурби расмии аз 5,30 сомонӣ то 6.99 сомонӣ ё 31.7 фоиз паст шудааст. Қурби бозории он бошад аз 5.47 сомонӣ то 7.58 сомонӣ паст шудааст.

Назарҳо

Мухтарам раис, ойлики мо аз мох ба мох намерасад, аз карз халос нестем, Шумо мегуед пасандоз кунед бо пули милли. ман долларро дар кино хам надидаам. Вале агар Шумо мансабдоронро дар назар дошта бошед, ман рози. Бигзор доллархояшонро ба сомони иваз кунанду пасандоз намоянд, вале унвони патриозизмро намегиранд, зеро аксарашон пули буча- андози мо чамъшударо дуздидаанд. Дузх хеч вакт партиот шудан наметавонад.
Ман ба суханони Раис рози хастам. Аммо як камбагал пас аз шалоки зиед хурдан гуфтааст: ман хам монананди шумо ватандуст хастам, аммо баъзан ишкамам гурусна мемонад ва дар хорич аз Точикистон бо афсуси мову шумо ба кадри сомонии мо намерасанд ва бинобар хатто ним кулча хам намедиханд. Ва инчунин дар баъзе кишвархо , агар инсон бо сабаби гуруснаги ва бепайсаги хурока дуздад, новобаста аз он, ки у ватандуст хаст е не. Баъдан ман мехостам бифахмам, ки дар Точикистон ое нафаре бо маоше, ки мо дорем чи тавр пасандоз кардан мумкин аст, агар у дузд , порахур ва е горатгар набошад? Аммо чунин шахсон ватандуст буда наметавонанд ва барои онхо миллату ватан гапи хушку холи аст. Аз ин чо хулоса мешавад, ки хар нафаре, ки умуман пасандоз дорад, е бо сомони е бо доллар на танхо ватандуст нест, балки чояш худатон медонед, кучост. Ин шухи буд. Умуман барои рушди кишвар , агар пул медоштам, онро истифода мебурдам, на ин ки онро дар бонк нигох медоштам. аммо агар максади шумо нигох доштани курби сомони бошад, пас аввал куху пушта ва баъд заминро танхо бо сомони фурухтан лозим аст. Бо ин рох курби сомони боло меравад, порахуриимансабдорон камтар мешавад, кишвар обод мешавад, хар кас мувофики кудраташ сохиби моликият мешавад ва окибат кариб хама ватандуст мешавад. Бовар кунед, дигар илочи нигохдории курби сомониро дар айни замон надорем.Боз дигар гапхо хаст, аммо вакт кам. Шумо сайтатонро хамин тавр созед, ки бо шумо мулокот ва бахс карда шавад. Саломат бошед. Ман шуморо вокеан эхтиром мекунам.

Ва инчунин дар баъзе кишвархо , агар инсон бо сабаби гуруснаги ва бепайсаги хурока дуздад, новобаста аз он, ки у ватандуст хаст е не, ба у чазо намедиханд. Бубахшед, аз саросемаги охири чумла фаромуш шудааст.
Убайдуллоев аввалин шуда патриотии худша нишон дихад. Чанд сомонй маош мегирад, чанд сомонй харч мекунад ва чанд сомонй барои пасандоз мемонад? барои чй конунхое мебароред, ки худро ва мардуми моро хандахариши олам кардаанд. Ин "гуломони халк" кайхо аз мардум дида садхо. хазорон бор хубтар зиндагй мекунанд.
Ман хам чун ватандуст мехохам бо Раиси мухтарам оиди чандин масъалахо бахс намоям, оиди халли чандин мушкилихо маслихат дихам, аммо афсус тавасути бо ном сайти Раис чунин корхоро кардан мумкин нест. Ба замми он мувофики шунидам, хатто як фоизи мактубхо ба чаноби Раис намерасад. Шояд ман шахсан сахв намоям ва хамаи гуфтору кирдори Раиси мухтарам дуруст бошад, аммо у бояд донад, ки хатман шахсоне ефт мешаванд, ки дилхох корро бехтар ичро менамоянд ва дилхох масъаларо бехтар хал менамоянд. Бинобар ин, агар чаноби Раис вокеан бехшавии корубори шахрдориро хохад , бояд сайти у иконият бидихад, ки шахрвандон бевосита бо у тамос бигиранд. Ногуфта намонад, ки дар чунин маврид, имкониятхои коррупсионии чандин манфиатчуен садхо маротиба кам мешавад.
Pasandoz kardan dar bonkhoi Tojikistonro bovar kardan mushkil janobi ubaydulloev. Janobi oli muhtaram prezident chand sol pesh guft ki pulhoyatonro dar bonkho guzored, ammo imruz Sodirotbank milionho mablagi mardumro az khud kardast ammo muhtaram prezident khomush ast. Az janobi oli Iltijo mekunem, ki ba masala rushani andozad. Okhir mo Prezident intikhob kardem ki dastamonro girad nakhod yak bonk in qadar moro azob dihad ba dodi mardumi bechora hichkas narasad iltimos Janobi oli boz ham Iltimos. Mardum nisfash kasali infaktu insult shudan. Iltijo mekunam janobi oli ba dodi mardumi bechora rased.
Ҷаноби раис мардумро маҷбур накардааст, ки рафта маошашонро пасандоз кунанд, мантиқ хондан даркор бародарон, бори дигар мегӯям, ки мантиқ дар мактабҳо бояд аз синфи 5 дар дода шавад! вай гуфтааст, ки касе агар пасандоз кунад, бо доллару евро не, балки бо сомонӣ -пули миллии худамон пасандоз кунад. Агар аҳвол ҳамин хел идома кунад, на мардум раиса мефаҳмаду на раис мардумро. мантиқ асоси ҳамаи илмҳост! Муҳтарам Убайдуллоев, Аз Шумо дархост мекунем, ки агар имкон дошта бошед, ҳамин пешниҳоди моро ба назар гиред, мардум бесавод мешавад, метарсам, ки аз ин бад мешавад кор! Мантиқ бояд аз синфи 5 дарс дода шавад!
Ин одам кадом як муаллими бекори мантиқ будааст ба фикрам :)
Нашавад, ки муаллимҳои мантиқро маҷбур кунанд, ки маошашонро пурра ба "Амонатбонк" пасандоз кунанд. Аз раисони мо ҳама чизро интизор шудан мумкин ))))
Намешуд,ки ташаббус аз шумо сар мешуд!Порагири дар ҷумҳури бо доллар,мошинхариатон бо доллар хонахариатон бо доллар ва имруз ба ҳеч кас ин роз пинҳон нест вазифафуруши ҳам бо доллар шудааст,маблағҳои ҷамъ намудаатон ҳама дар хориҷи кишвар ва бо асъори хориҷи,ва ё не?

Шояд шумо суол ё назаре доред?