Туҳфаи “Тоҷик Эйр” ба мизоҷонаш барои ҷашни Истиқлолият

Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба муштариёнаш “футболка” ва худкор (ручка) тақдим мекунад.

 Лола Кенҷаева, сухангӯи ин ширкат дар суҳбат ба TojNews гуфт, аз 1-уми август ба тамоми мусофирон, ки тариқи ҳавопаймоҳои ширкати “Тоҷик Эйр” парвоз мекунанд, туҳфа – як дона қалами худкор ва “футболка” супорида мешавад.

“Ҳам калонсолона ва ҳам хурдсолон соҳиби туҳфа мешавад. Ин иқдом бо муносибати 25-солагии Истиқлолият ва Рӯзи авиатсияи гражданӣ амалӣ мешавад. Дар умум 100 ҳазор муштарии ширкат соҳиби футболка ва худкор, ки дорои рамзи ширкати “Тоҷик Эйр” мебошанд, хоҳад шуд.

Сухангӯи ширкати мазкур, аз ифшои маблағе, ки ширкат барои иқдоми таблиғотӣ сарф кардааст, худдорӣ кард.
Маврид ба зикр аст, ки "Тоҷик Эйр" танҳо ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон аст, ки моликаш давлати Тоҷикистон мебошад. 

Назарҳо

Бехтарин) як руз не як руз Точик Эйри мо ба по мехезад.
Ташакури зиед ба рохбарияти ширкат. Ахсан!!! Бехтарин икдом.

Шояд шумо суол ё назаре доред?