Тӯҳфаи Ҳукумати Ҷопон ба Маркази саломатии №10-и пойтахт

Ҳукумати Ҷопон ба маблағи қариб 100 ҳазор доллари ИМА ба Маркази саломатии №10-и шаҳри Душанбе таҷҳизоти тиббӣ тӯҳфа кардааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии Сафорати Ҷопон дар Душанбе, Маркази Саломатии №10 ба таҷҳизоти лозимии тиббӣ ниёз дошт, зеро аксари таҷҳизоти он беш аз 30 сол истифода шуда фарсуда шуда буданд.

Акнун ин маркази саломатӣ бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ аз ҷумла фиброгастроскоп, шуоъзании ултрабунафш, анализатори биохимиявӣ, мизи ҷарроҳӣ ва ғайра таъмин шудааст.

Манбаъ мегӯяд, таҳҷизотҳои мазкур дар доираи лоиҳаи “Барномаи кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP)” тақдим шудаанд.

Маросими дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ ба Маркази саломатии №10-и пойтахт 8-уми феврал бо иштироки Тиэ Тамура, муовини роҳбари ҳайати Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ва Бобохон Исматов, сардори раёсати тандурустии шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Copyright @2016 TojNews

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?