Томографияи Компютерӣ дар Бемористони Ибни Сино ®

Томографияи компютерӣ усули ташхиси қабат ба қабати бадани одамӣ мебошад. Ин усул бар асоси нурпошии  (афканишотӣ) рентгенӣ амалӣ мегардад, ки имкон медиҳад  тасвири сифатан хуберо аз ҳар узви даркорӣ,  дар муддати кӯтоҳ ба даст овард.

Бемористони Ибни Сино аз оғози фаъолияти худ хизматрасонии томографияи компютериро  пешкаши мизоҷон гардонидааст. Бемористон бо таҷҳизоти томогорафияи компютерии ҳозиразамон, ки истеҳсоли ширкати "Siemens" мебошад, муҷаҳҳаз гардонидааст. Табиб радиолог Қаҳҳоров Беҳрӯз масъули  ин  дастгоҳ буда, ҳамаи ин муҳлат  бо он сару кор дорад. Қайд кардан ба маврид аст, ки доктор Қаҳҳоров барои баланд бардоштани ихтисоси худ ба Эрон сафар намуда, дар яке аз беҳтарин бемористонҳои ин кишвар омӯзиш дидааст. Мо барои шарҳи бештари мавзӯъ бо якчанд савол ба доктор Қаҳҳоров Беҳрӯз мукроҷиат кардем.

 Доктор Беҳрӯз лутфан дар мавриди тадқиқотҳои томографияи компютерӣ ва ба кадом мизоҷон ин навъи тадқиқот тавсия шудааст каме маълумот медодед?

Дар тиббӣ муосир Томографияи компютерӣ яке аз асоситарин ва пешрафтатарин усулҳои ташхиси бемориҳои зиёде ба шумор меравад. Монанди:

-бемориҳои мағзи сар, ҷароҳатҳои сар;                                                                                                      

-бемориҳои банду буғум,  устухонҳо;                                                                                                                            -

-бемориҳои сутунмӯҳра;                                                                                                                                                      

-бемориҳои гурда, ҷигар, испурч, ғадуди зеъри меда ва ғ;                                                 

-бемориҳои шохаҳои роҳи нафаскашӣ (бронхҳо) ва шуш;                                                  

- бемориҳои гулӯ, гӯш ва бинӣ (ЛОР) ва ғ.     

Бояд қайд кард, ки ҳангоми гузаронидани ташхис мизоҷ таҳти таъсири нурпошии (афканиш) рентгенӣ қарор мегирад. Маҳз ба ҳамин хотир зарурати ҳар тадқиқ бояд ҷиддан асоснок бошад. Аммо миқдори шуоъхӯрӣ, ки мизоҷ ҳангоми гузаронидани ин тадқиқот мегирад  тариқи ТК назорат мегардад ва андозааш хеле поин аст. Бинобар ин, танҳо духтур ҳуқуқ дорад ба мизоҷ тадқиқоти томографияи компютериро таъин кунад. 

Доктор дар мавриди усулҳои ташхис дар ТК каме маълумот медодед?

Дар шароити имрӯза, аз ТК метавон ҳам чун усули ташхиси ибтидоӣ (аввалия) ва ҳам чун усули ташхиси муаянкунанда истифода намуд.                   

Усули ибтидоӣ ё аввалия метавонад дар ҳамаи бемориҳои зикр гардида мавриди истифода қарор гирад.   

Усули муаянкунанда бошад, танҳо баъди гузаронидани ташхиси ибтидоӣ бо ёрии УЗИ  ва ё баъди тадқиқоти клиникӣ, гузаронида мешавад. Инчунин барои гузаронидани ташхиси дақиқтари буғумҳо ва ба даст овардани тасвирҳои боандозатар ба мизоҷ тадқиқот бо ворид кардани моеъи махсус  таъин карда мешавад.

Доктор Беҳрӯз оё мавориди манъ низ дар истифода аз  ТК вуҷуд  дорад?

Мавориди хоссе дар истифода  аз ТК вуҷуд надорад. Ин усулро метавон ба мизоҷон дар ҳамаи ҳолатҳо (ҳатто дар ҳолати кори сунъии шушҳо) амалӣ намуд. Танҳо занони ҳомиладор ва кӯдакони хурдсол истисно мебошанд, ки дар нисбати онҳо гузаронидани чунин ташхис бояд мавриди санҷиши  ҳамаҷониба  қарор гирад. Инчунин ворид кардани дохилии моъеҳои махсус ба хотири таъсири аллергии онҳо ба як қатор мизоҷон, мавриди муҳокимаи ҷудогона қарор дода мешавад. Бинобар ин қабл аз ворид кардани ин моъеҳо, бояд чорабиниҳои зиддиаллергӣ анҷом дода шаванд.

Оё нархҳои ин ташхис дар Бемористон барои мизоҷон дастрасанд?

Ман фикр мекунам нархҳои мо дастрасанд. Қиммати ташхиси ТК дар Бемористон 250 сомониро ташкил мекунад. Дар баробари ин касоне, ки дорои полиси суғуртавии ташкилоти "Суғуртаи миллӣ" мебошанд то 30% пӯшиши суғуртавӣ доранд ва ин боз ҳам қиммати ташхисро барояшон арзонтар мегардонад.

Барои касби маълумоти бештар хоҳишмандон метавонанд ба сойти расмии ташкилот: www.sugurta.tj  муроҷиат кунанд.

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?