Толибон бо инфиҷор як пули стратегӣ роҳ ба самти Тоҷикистонро масдуд кард

Толибон пули Олчинро, ки як роҳи транзит миёни Тоҷикистон ва Афғонистон буд инфиҷор доданд ва бино ба иттилои мақомоти давлатии вилояти Кундуз ҳоло роҳҳо ба самти навҳоии ҳаммарз бо Тоҷикистони Имом Соҳиб, Қалъаи Зол ва Дашти Арчӣ масдуд шуд.

Бино ба иттилои сухангӯи волии Кундуз Ҳаҷаротуллоҳ Акбарӣ Толибон баъди шикасташон дар Хонобод ин пулро тахриб карданд. Қаблан хабар дода мешуд, ки гуруҳи Толибон шаҳри стратегии Хонободро, ки дар шоҳроҳи Кундуз-Толиқон воқеъ мебошад, ишғол кард. Аммо субҳи имрӯз иттилоъ расид, ки баъди як набарди тӯлонӣ нерӯҳои давлатӣ онҳоро аз шаҳр берун андохтанд.

Пули Олчин масири серҳаракаттарин роҳ ба самти Тоҷикистон аст, ки рӯзона садҳо мошини боркаш ва мусофирбар аз он убур мекунад.

Инфиҷори ин пул метавонад муддати тӯлонӣ роҳи расидан ба Тоҷикистонро барои мошинҳо ба мушкил рӯ ба рӯ кунад. Аз сӯйи дигар як русто дар наздикии ҳамин пул дар дасти Толибон аст, ки аз он ба сифати маркази ҳамла ба нерӯҳои давлатӣ истифода мешавад.

Назарҳо

Лаънат баин "саранчахо" (толибон) Наузау биллохи мина золимин.

Шояд шумо суол ё назаре доред?