Тоҷикистону Чин аз додугирифт бо доллар худдорӣ мекунанд

Миёни Тоҷикистон ва Чин созишнома дар бораи додугирифти мол бо сомонӣ ва юани чинӣ ба имзо мерасад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, ҳоло як гурӯҳ коршиносони Бонки мардумии Чин дар Душанбе механизми додугирифти сомонӣ бо юанро тавассути усули СВОП (додугурифти асъорӣ миёни бонкҳо дар як муддати муайян) баррасӣ доранд.

Дар назар аст, ки 2-юми сентябри соли равон ҳайати расмии Бонки мардумии Чин бо роҳбарии Раиси Бонки мазкур - Жоу Сиаочуан ба Душанбе меоянд ва дар ҷараёни ин сафар Созишномаи додугирифти асъорӣ бо пули сомониву юан миёни БМТ ва Бонки мардумии Чин ба имзо хоҳад расид. Дар назар аст, ки ин Созишнома то 4-уми сентябр ба имзо расад.

Талошҳо барои барқарор кардани додугирифти мол бо сомонӣ ва юан ҳанӯз аз оғози соли равон садо дода буд. Бонки миллии Тоҷикистон қаблан гуфта буд, бо мақсади аз фишори доллар раҳо кардани сомонӣ ба додугирифти бидуни доллар роҳ мекушоянд.

22-юми июл Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, Раиси БМТ дар нишасти хабариаш дар посух ба суоли хабарнигори TojNews гуфта буд, барои ҷалби қарзҳои имтиёзнок бо се бонки Чин  Бонки рушд, Бонки мардумӣ ва Бонки кишоварзии ин кишвар гуфтушунид доранд.

Агар ҷонибҳо ба тавофуқ расанд, ки тоҷирони тоҷик минбаъд аз Чин на бо доллар балки бо асъори миллии ин кишвар - юан мол харидорӣ мекунанд. Додугирифти мол миёни ду кишвар бо усули “своп” (додугурифти асъорӣ миёни бонкҳо дар як муддати муайян) сурат мегирад ва дар назар аст, ки Тоҷикистон барои ин кор аз Чин то 1 млрд. юан ё муодили 500 млн. доллар маблағ дарёфт кунад.

Copyright © 2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?