Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистону Қирғизистонро қатъ кардааст

Бо фаро расидани фасли сармо ширкати “Барқи тоҷик” интиқоли нерӯи барқ ба ду кишвари ҳамсояро қатъ кардааст. 

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” ба TojNews дар тасдиқи ин хабар гуфт, ки барои бароварда кардани ниёзи дохилии кишвар дар фасли сармо муваққатан ба Афғонистону Қирғизистон нерӯи барқ интиқол дода намешавад.

Ҳоло аз Тоҷикистон танҳо ин ду кишвар нерӯи барқ мехаранд, ки он ҳам бештар аз 1 млрд кВт. соат нерӯи барқ дар сол мебошад. Дар солҳои гузашта Тоҷикистон ба хотири аз даст надодани бозор дар фасли сармо низ интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистонро қатъ намекард. Ҳоло танҳо барои надуздидани симҳои интиқолдиҳандаи нерӯи барқ як миқдори кам ба ин кишвар нерӯи барқ интиқол медиҳанд.

Дар “Барқи тоҷик” мегӯянд, ки албатта ин бозорро аз даст доданӣ нестанд ва бо фаро расидани фасли гармо ва зиёд шудани об дар обанборҳо дубора интиқоли барқ ба Афғонистонро аз сар гирифта мешавад.

Тоҷикиситон нерӯи барқи содиротиашро ба Афғонистон аз тариқи 2 хати интиқоли нерӯи барқ: яке хати 110 кВт ва дуюмӣ хати 220 кВт  ва бо ду нарх ба анҷом мерасонад. Тибқи созишномае, ки ба миёни Душанбе ва Кобул ба имзо расондаанд, арзиши интиқоли нерӯи барқи содиротии Тоҷикистон ба Афғонистон аз тариқи хати 110 кВт 2.08 сенти амрикоӣ ва аз тариқи хати 220 кВ 3.78 сенти амрикоӣ муайян шуда буд.
Тоҷикистон дар давоми сол дар нерӯгоҳҳои барқию обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳӣ имкони истеҳсоли ҳудуди 17 миллиард кВт нерӯи барқро дорад. Аммо дар фасли тобистон барои нерӯи барқ харидор надорад ва дар зимистон аз камбуди нерӯи барқ ранҷ мекашанд.

Танҳо дар соли гузашта Тоҷикистон бинобар харидор наёфтани нерӯи барқ ба миқдори баробар ба истеҳсоли 2,6 млрд. кВт.соат нерӯи барқ обро аз обамборҳо партофтаанд. 

Copyright @2015 TojNews

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?