Тоҷикистон аз се кишвари дунёст, ки сатҳи баландтарини андозро доранд

Тоҷикистон аз ҷумлаи се кишваре мебошад, ки дорои баландтарин андоз дар ҷаҳон мебошанд.

Тибқи пажӯҳиши солонаи Форуми ҷаҳонии иқтисод, Аргентина, Боливия ва Тоҷикистон се кишваре мебошанд, ки андози давлатии баландтарин доранд.

Тибқи арзёбиҳо миқдори умумии андоз дар Аргентина болотар аз 100 дарсад аст. Танҳо андоз аз муомилот тақрибан 90 дарсадро фурӯ мебарад, вале ин ҷо боз андоз аз маош ва амалиётҳои молиявӣ низ вҷуд дорад. Дар умум сатҳи андозро 137.3% гуфтаанд.

Боливия, ки дар ҷойи дуюм аст, дар ин кишвари Амрикои Лотинӣ 3 фоиз аз амалиёт андоз доранд, 60 дарсад фоидаи ҳамаи ширкатҳоро “фурӯ мебарад”. Андози ин кишварро 83.7% арзбёӣ мекунанд.

Дар мақоми сеюм Тоҷикистон қарор дорад, ки ҷамъи сарбориҳо аз андозро 80,9% ташкил медиҳад. Бино ба таҳлили хориҷиҳо, дар Тоҷикистон андози дуфоиза аз муомилот роҳандозӣ шудааст ва ширкатҳоро лозим меояд фоидаи чашмгиреро аз даромадҳои худ ба фоидаи давлат пардозанд. 

Дар даҳгонаи кишварҳое, ки андозҳои дандоншикан доранд, Колумбия (75.4%), Алжир (72.7%), Мавритания (71.3%), Бразилия (69%), Гвинея (68.3%), Фароса (66.6%) ва Никарагуа (65.8%) шомил мешаванд.

Радабандии кишварҳо аз рӯи пардохти андоз соли 2015 расонаӣ шуд. Ин Ҳамоиш ё форум зимни таҳияи ин раддабандӣ нишондодҳои зиёдеро ба баррасӣ гирифтааст, аз ҷумла аз сабукии роҳандозии тиҷорат то эҳтимолияти он ки мансабдор ришва меситонад. Яке аз параметрҳо бузургии ҳаҷми андоз аст, ки ҳар қадар он боло бошанд, рақобатпазирӣ дар он поин меравад.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?