Тирандози Даллас узви артиши Амрико буд

Вазорати дифоъи ИМА эълон кард, ки Майко Ҷонсон, тирандози Даллас, ки сабабгори ҳалокати 5 маъмури пулис шуда буд, дар артиши ин кишвар хизмат мекард.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки солҳои 2013-2014 дар Афғонистон низ хизмат карда буд.

Ин манбаъ гуфтааст, ки Майко Ҷонсон аз соли 2009 то соли 2015 дар сафи артиш хизмат кардаву сардори гуруҳ ҳам будааст.

Маврид ба ёдоварист, ки дар ҷараёни эътирози оммавии сияҳпӯстони амрикоӣ ба дар шаҳри Даллас панҷ корманди пулиси ин шаҳр бар асари исобати тир кушта шуданд. То ҳол мақомоти амниятӣ 3 нафарро ба гумони даст доштан ба ин тирандозӣ боздошт кардаанд, ки Майко Ҷонсон аз ҷумлаи онҳост.

Шояд шумо суол ё назаре доред?