Театри Маяковский ба Театри Лоҳутӣ кӯч баст

Ҳунармандони Театри драмавии русии ба номи Маяковский қисман ба Театри давлатии драмавии ба номи Лоҳутӣ ва Кинотетари «Тоҷикистон» кӯчонда шуданд.

Бо супориши Вазорати фарҳанг як қисми таҷҳизот ва сарулибоси театрии ҳунармандони Тетар ба Кинотеатри «Тоҷикистон» интиқол дода шудааст. Ҳунармандони Театри мазкур дар паҳлӯйи ҳунармандони Театри Лоҳутӣ фаъолият хоҳанд кард.

«Айни ҳол шароити кинотетари мазкур ба шароити театр мувофиқкунонида шуда истодааст. Фаъолияти Театри Маяковский ҳам ягон соат қатъ намегардад. Ҳунармандони он дар Театри давлатии драмавии ба номи Лоҳутӣ имконияти тамрин кардан доранд. Рузҳори наздик ба шаҳру навоҳии кишвар ба сафари эҷодӣ мераванд. Ба тамошобинон намоиши нав пешниҳод мекунанд. Дар вақташ бинои Хонаи киноро низ зарурати кӯчондан пеш омада буд. Атрофи ин иқдом сару садоҳо зиёд шуд, ки Кинотеатри Зебуниссо барои Хонаи кино ё пахши филм мусоид нест. Ҳоло ба яке аз маҳаллаҳои беҳтарин табдил ёфтааст. Кинотеатри Тоҷикистон ҳам ҳамин хел мешавад. Айни ҳол корҳои таъмиру таҷҳизонидан рафта истодаас»- иттилоъ доданд дар Вазорати фарҳанг.

Қаблан гуфта мешуд, ки бо сабаби тахриб ва сохтмони биноҳои баландошёна ду театр – театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва театри русии ба номи Маяковский аз маркази шаҳр ба бинои кинотеатри «Тоҷикистон», дар маҳаллаи 65-уми пойтахт кӯчонда мешаванд. Рӯзи гузашта, дар пайи норозигиҳои ҳунармандон, ки бинои театрҳоро мероси фарҳангӣ мешуморанд, Ҳукумати шаҳри Душанбе рӯйхати биноҳоеро расонаӣ кард, ки ба феҳрасти мероси фарҳангии пойтахт шомил мешаванд. Миёни ин биноҳо ҳеч яке аз ин ду театр, ки боиси баҳси чанд ҳафтаи ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо шудааст, мавҷуд нестанд.

Ҳукумати шаҳр мегӯяд, нақшаи генералии Душанбе, ки ҳанӯз соли 1983 таҳия шуда буд, дар ҳамдасти бо Донишкадаи давлатии шаҳрсозии Русия “Гипрогор такмил дода, бар асоси ин нақша ҳамагӣ 15 бино ёдгории таърихӣ эътироф шудааст. Аз ҷумла: Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, бинои Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон,бинои Маҷлиси Намояндагон ва Маҷлиси Миллӣ, бинои китобхонаи собиқи Фирдавсӣ (ҳоло Палатаи ҳисоб), Меҳмонхонаи "Пойтахт", Осорхонаи кишваршиносӣ, Бинои Филармонияи давлатӣ, бинои Академияи илмҳои Тоҷикистон, бинои Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ, Чойхонаи "Роҳат", бинои Донишгоҳи давлатии тиббӣ ба номи Абуалӣ ибни Сино, биноҳои бо каркаси чандир дар хиёбони Рудакӣ, Маҷмӯи манзилҳои зист дар рӯ ба рӯи боғи Рӯдакӣ,бинои бисёрқабата дар кунҷи майдони 800-солагии Маскав ва ҳамчунин бинои "Кохи Ваҳдат" ба ин рӯйхат ҷо дода шудаанд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?