Тcеll нархи зангҳоро ба Русия ба 30% боло мебарад

Ширкати “Тселл” аз 1-уми октябр нархи зангҳои телефонӣ ба Русияро ба муштариёнаш то 1 сомонӣ боло мебарад. 

Ширкат аллакай ба муштариёнаш паём фиристод, ки аз 1-уми октябри соли ҷорӣ  нархи зангҳои телефониро ба Русия боло хоҳад бурд.

Ҳоло як дақиқаи суҳбат бо Русия барои муштариёни ин ширкат 69 дирам аст. Аммо аз 1-уми октябр ин нарх ба бештар аз 30%, яъне то ба 1 сомонӣ боло бурда мешавад.

Ширкати Тселл сабаби баланд шудани нархи зангҳо ба Русияро дар тағйир ёфтани қурби асъори хориҷӣ арзёбӣ мекунад.

Дар хабарномаи Тселл гуфта мешавад, ки  мувофиқи қарори Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз 7-уми августи 2012 ва тағйир ёфтани қурби асъор аз лаҳзаи ба имзо расидани қарори мазкур арзиши зангҳо ба Русия аз нав дида баромада шудаанд. Як дақиқаи зангҳо ба ин самт бо ҳисоби ҳамаи андозҳо 1 сомонӣ ҳисобида мешавад.

Ширкати Тселл нархи занг ба Русияро дар ҳоле боло мебарад, ки дигар ширкатҳои мобилии кишвар нархи зангҳо ба ин самтро тағйир надодаанд. Ҳоло нархи як дақиқаи занг ба Русия тариқи ширкати “Вавилон-мобайл” 0,6813 сомонӣ ва “Мегафон Тоҷикистон” 0,67 сомониро ташкил медиҳад.

Соли 2012 ширкатҳои “Мегафон Тоҷикистон” ва Beeline аз сӯи Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон барои нархгузории аз ҳад зиёд арзони зангҳояшон ба Русия, ки то 6 сент арзиш дошт, ба ҷавобгарӣ кашида шуда буданд. Он замон мақомот бо баҳонаи "ҷилавгирӣ аз монополист шудани ширкатҳои русӣ" нархномаи зангҳо ба Русияро барои ҳама ширкатҳо на камтар аз 10 сент муайян карда буд. Дар пайи ин қарор ҳамаи ширкатҳои мобилӣ арзиши зангҳо ба Русияро аз 60 дирам боло бурда буданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамасола аз Тоҷикистон зиёда аз 1 млн. нафар барои кор ба Русия мераванд ва алоқаи мобилӣ василаи асосӣ ва дар бисёри ҳолатҳо ягонаи иртибот бо оила ва наздикон дар ватан маҳсуб мешавад.  

Шояд шумо суол ё назаре доред?