Тавсифи Авзалшоҳ Шодиев аз филми “12 соли интизорӣ” (ВИДЕО)

Шоми 12-уми июл дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон нахустнамоиши филми “12 соли интизорӣ” баргузор гардид.

Дар муаррифии ин филм шахсиятҳои шинохта аз қабили ... вазири фарҳанги Тоҷикистон, Маҳмадсаид Пирзода, раиси Кумитаи телевизион ва радио, Авзалшоҳ Шодиев, ҳунарманди шинохта ва чандин ҳунармандон иштирок доштанд.

Авзалшоҳ Шодиев дар суханронии худ аз филми “12 соли интизорӣ” тавсиф карда гуфт, “солҳои ахир чунин филми тарбиявиро надида будам.”

Филми “12 соли интизорӣ” давоми як сол дар шаҳри Хуҷанд наворбардорӣ ва таҳия шудааст.

Филми мазкур бахшида ба Соли оила наворбардорӣ шуда, асосан мушкилотҳои аз таҳсил дур мондани духтарон, хушунат дар оила ва ҷудошавии бармаҳали оилаҳои ҷавонро фаро мегирад.

Дилошуб Орифзода, продюсерри филм мегӯяд, онҳо пеш аз таҳияи филм бо 100 оилаҳои ҷудошуда суҳбат гузаронида, аз байни 100 қисса 3 қиссаро интихоб кардаанд. “Баъдан аз рӯи ин 3 қисса мо як филмнома омода кардем.”

Муаллифи сенарияи “12 соли интизорӣ” Бахтиёр Каримов буда, коргардони он Муҳиддини Музаффар мебошад.

Нақшҳои асосиро дар филми мазкур ҳунарманди сатҳи байналмилалӣ Муҳаммад Алӣ Маҳмадов, Таҳмина Раҷабова, Муҳаммадҷон Шодиев, Моҳпайкар Ёрова, Насриддин Асадуллоев, Хуршед Мустафоев, Ваҳҳоб Дӯстов ва Дилбар Сулаймонова офаридаанд.

Филми мазкур аввалин филми пурраҳаҷми Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” ба ҳисоб меравад. Бояд гуфт, ки “Суғдсинамо” “12 соли интизорӣ”-ро дар ҳамкорӣ бо телевизионҳои “Синамо” ва “Танин” сабт намудааст.

Шояд шумо суол ё назаре доред?