Тавофуқи нави Теҳрон ва Маскав барои сохтани 8 нерӯгоҳи нави ҳастаӣ

Теҳрон ва Маскав барои сохтани 8 нерӯгоҳи ҳастаии нав дар Эрон ба тавофуқ расидаанд.

Бино ба иттилои хабаргузории Форс, Владимир Путин рӯзи ҷумъа 5-уми август эълон кардааст, ки Русия ба Теҳрон кӯмак хоҳад кард, то тавофуқи ҳастаиро ба таври комил иҷро кунад.

Путин афзуд, Русия ҳамчунин қарор аст, 2.2 миллиард евро барои таъмини эътибори нерӯгоҳи ҳароратӣ ва барқрасонии роҳи оҳан ба Эрон қарз диҳад.

Владимир Путин таъкид кард, ки мо ҳифзи субот ва амният дар саросари минтақаи бузург аз Осиёи Марказӣ ва минтақаи Хазар, то Ховари Миёнаро бисёр муҳим медонем ва ҳамчунин аз узвияти комили Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай низ ҳимоят хоҳем кард.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?