Тавофуқи қудратҳои ҷаҳонӣ барои оташбаси саросарӣ дар Сурия

Ширкаткунандагони ҷаласаи гуруҳи Байналмилалӣ оид ба буҳрони Сурия дар шаҳри Мюнхени Олмон  ба оташбаси фарогир дар сар то сари Сурия зарфи як ҳафтаи оянда ба тавофуқ расиданд.

Дар ин гуфтушунид, ки рӯзи гузашта доир шуд, намояндагони ваколатдори наздик ба 20 кишвари олам, аз ҷумла ИМА ва Русия ҳузур доштанд. 

Вазири умури хоиҷии ИМА Ҷон Керрӣ, ки ду рӯз пеш мегуфт, бояд сареътар ба қатъи хушунату зӯроварӣ ба Сурия даст ёбем, дар аввалин нишасти хабарӣ иброз дошт: Қудратҳо мувофиқат карданд, ки ба муҷарради қатъи амалиётҳои ҷангӣ таҳвили кумакҳои инсондӯстонаро фавран суръат бахшанд ва густариш диҳанд. Бисёре аз аъзои гуруҳ бар ин назаранд, ки низоми Башор Асад ҳуқуқи байналмилалро нақз мекунад ва талош дорад мухолифонашро бо муҳосира ва дар гуруснагӣ нигоҳ доштан водор ба таслим кунад. Мо бар ин назарем, ки ин ба ҷойи фишор овардан ба ДОИШ баръакс имкониятҳои онро васеъ мекунад ва ба ин гуруҳи тахрибкор имкон фароҳам меорад, ки бо истифода аз беназмӣ ба амалҳои худ идома диҳад.

 Сергей Ловров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, ки хушнуд аз он аст, ки билохира сари қатъи амалиётҳои ҷангӣ тавофуқ ҳосил шуд ва имкони расонидани кумакҳои башарӣ низ бештар мешавад.

Ду рӯз пеш аз ҳамлаҳои густардаи неруҳои давлатии Сурия бо пуштибонии ҳавопаймоҳои ҷангии Русия ба охирин ва муқтадиртарин пойгоҳи мухолифони Асад шаҳри Алепо гузориш дода мешуд. Даҳҳо наворҳои видеоӣ ва гузоришоти тасвирӣ аз харобиҳои ин шаҳри қадима ва фирору бехонаву дар шудани сокинони осишта дар шабакаҳои интернетӣ гузошта шуд, ки миллионҳо нафар онҳоро тамошо карданд.

Гуфта мешавад, ки аз аввали моҳи ҷорӣ ҳудуди бештар аз даҳ ҳазор сокинони ин шаҳр овора шуданд.

Ҷон Керрӣ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт: Он чӣ ин ҷо дорем, калимоти рӯйи коғаз аст, он чӣ ниёз дорем, дар чанд рӯзи оянда шоҳид бошем, ки ин навиштаҳо амалӣ гарданд.

Сергей Лавров ба тақвияти суханони ҳамтои амрикоияш гуфт: Далелҳое барои умедворӣ ҳоло дорем ва имрӯз мо кори бузургеро анҷом додем.

Маврид ба ёдоварист, ки аз поёни соли гузашта то ба имрӯз, ки Русия вориди саҳнаи ҷанг дар Сурия шудааст, бештар талош кардааст Башор Асадро кумак кунад, то ибтикори амалро ба даст гирад ва нагзорад, ки мухолифонаш чун нерӯи муҳим аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ шинохта шаванд.

Суқути Алепо ин охирин умеди ҷонибдорони мухолифони Асадро барбод медиҳад ва дар гуфтушунидҳои оянда президенти Сурия аз мавқеъи дигар суҳбат хоҳад кард.

ИМА ва тарафдоронаш борҳо Русияро ба он муттаҳам карданд, ки зери пӯшиши мубориза бо ДОИШ мухолифони Асадро саркӯб мекунад.

Вале Маскав ҳамвора ин иддиоро рад кардааст.

Дар остонаи нишасти Мюнхен Маскав ба Вашингтон паёми шартҳои оташбас дар Сурияро ироа карда буд. Маскав мехост оташбас аз аввали моҳи март тавофуқ шавад, вале Вашингтон ин пешниҳодро рад кард ва  гуфт, Русия бо дароз кардани муҳлати оғози оташбас мехоҳад боз ҳам мавқеъи мухолифони Асадро тангтар  кунад.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?