Таваллуди сегоники сеюм дар вилояти Суғд (ВИДЕО)

Як ҷавонзани 19-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сегоник таваллуд кардааст. Дар соли равон дар ин вилоят ин сеюмин ҳолати таваллуди сегоникҳо мебошад.

Маърифат Набиева, сегоникҳояшро дар таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд ба дунё овард.

Ба гуфтаи табибон вазъи саломатии сегоникҳо дар аввал наонқадар хуб буд, вале феълан аҳолв онҳо беҳтар шудааст.

Қаблан дар ду ҳолати таваллуди сегоникҳо дар вилояти Суғд аз 6 тифл ду нафарашон фавтида, 4 нафари дигар ҳоло зинда мебошанд.

Навор аз Телевизиони СМ-1

 

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?