Тасмими Ҷаҳонгир Ҷалилов барои рафтан аз футбол

Ҷаҳонгир Ҷалилов, футболбози дастаи “Истиқлол” ва ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон аз футбол канор меравад.

Сомонаи бошгоҳи “Истиқлол” хабар додааст, ки сабқат миёни ин даст ва тими “Локомотив”-и Маскав охирон бозӣ барои Ҷаҳонгир Ҷалилов мебошад.

Ин футболбози маъруфи тоҷик сабаби тарк кардани футболро дар хуб набудани вазъи саломатиаш арзёбӣ кардааст.  

Ман дастоварди бузург доштам, аммо бо сабаби саломатӣ наметавонам дар майдони футбол бошам. Ба ҳамаи мухлисон, ҳамкорон ва мураббиён изҳори ташаккур мекунам,-гуфтааст Ҷаҳонгир Ҷалилов.

Ҷаҳонгир Ҷалилов аз соли 2009 дар тими “Истиқлол” бозӣ мекунад. 

Сабқат миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Локомотив”-и Маскав 26-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?