Тасмими БДА барои манъи ҳаракат дар якчанд кӯчаҳои пойтахт

Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон эълон кард, ки давоми ду рӯзи оянда ҳаракат дар чанд роҳи пойтахт маҳдуд карда мешавад.

Бино ба иттилои БДА,  “санаи 4-5-уми сентябри соли ҷорӣ аз соати 08:00 то соати 10:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз самти Донишгоҳи аграрӣ то муҷассамаи Садриддин Айнӣ, аз самти Қараболо то муҷассамаи И.Сомонӣ ва аз «Боғи Ғалаба» то кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемур (меҳмонхонаҳои «Тоҷикистон») манъ карда мешаванд.”

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш менамояд, ки аз роҳҳои ҳамшафат истифода баранд.

Манбаъ мегӯяд, ин тасмим ба хотири гузаронидани машқу тамринҳои вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳо барои роҳпаймоӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон гирифта шудааст.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?