Тасҳеҳ ва арзи маъзарат

Дар сарлавҳаи гузориши тасвирии шумораи №27(510)-и ҳафтаномаи “Нигоҳ”, аз 5-уми октябри соли 2016, дар калимаи “Президент” иштибоҳи техникӣ рафта, як ҳарфи зиёдатии “л” ҷо ёфтааст.

Нуқси техникӣ дар варианти электронии нашрия ислоҳ шуда, идораи нашрия ҳамчунин аз паҳн кардани теъдоди тақсимнашудаи нашрия худдорӣ варзид, ки боиси муроҷиати зиёди хонандагон ва ҳаводорони нашрия гашт.  Бинобар ин, аҳли эҷоди “Нигоҳ” ва муассиси нашрия расман пӯзиш мехоҳанд.

Ба таваҷҷуҳи обуначиёни варианти электронӣ расонда мешавад, ки нашри электронӣ баъди як рӯз дар саҳифаи ҳафтанома дар шабакаи интернет гузошта хоҳад шуд. 

Шояд шумо суол ё назаре доред?